Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Моҳира хатро аз фазо дошта гирифта, саросемавор хонд. Дар он чунин навишта шуда буд:
«Нияти бад оқибат ба сари кас об мерехтааст.
Инро ман дар дами вопасин фаҳмидам.
Дар сайёраи Баҳман мо аз худ рафтем, кӯрнамакӣ кардем. Се кас ба муқобили ҳафтод нафар баромадем. Хостем, хӯҷаини ҳамаи калонагияҳо худамон бошем.
Ба президент сӯиқасд тайёр кардем. Аммо фош шудем, дар болои ҷиноят ба даст афтодем.
Калонагияҳо якдилона ҳукм бароварданд, ки моро ғарқ кунанд.
Ҳамин тавр, моро ба уқёнуси сайёраи обии
Чобук оварда партофтанд. Лекин мавҷ моро қабул накарда, ба ҷазира баровард.
Бар хилофи ақидаи калониягиҳо, дар ин сайёра қитъачае будааст, ки дар он паканачаҳои сода зиндагӣ мекардаанд.
Мо онҳоро зуд ба худамон тобеъ кардем, ҳокими мутлақи мамлакат шудем. Барои айшу ишрати мо тамоми шароит муҳайё буд.
Вале аз кадом як сайёраи дигари мутараққӣ кайҳоннавардон омаданд, давру даврони моро барбод доданд.

пешина
аз 50
навбатӣ