Бачаҳои чобуксавор

Моҳира оҳи бадарде кашида суханашро давом дод:
— Вақте ки ба ҳуш омадам, Қолабшоҳ дар болои сарам меистод. Вай илтимос кард, ки роҳи кор фармудани таппончаю атомпланро фаҳмонам... Ман розӣ нашудам. Дар натиҷа ҳамин қадар ҷавру ҷафо кашидам. Агар ту – Илҳом ду дақиқаи дигар дер мемондӣ, ман дошт дода натавониста мемурдам.
— Ҳамаи ин бо айби ман, Моҳира. Маро бубахш, — баланд шуд овози Илҳом. — Акнун дам гир, азизам. Бо доруворӣ худро муолиҷа кун.
— Муолиҷаю дамгирӣ гурехта намеравад, — эътироз кард Моҳира. – Аввал фаҳмидан лозим, ки зодгоҳи он аҷинаҳои яғмогар куҷост. Онҳо ба ин мамлакати маъсумон аз кадом лаҳади торик пайдо шудаанд…
— Ба назарам, аз дигар сайёра, — гуфт Илҳом. — Чунки дар ин сайёра қитъа ё ҷазираи дуюме нест.
Дар ҳамин вақт ногаҳон посбони зиндон давида омаду бо ҳаяҷон хабар дод:
— Хонуми муҳтарам! Худатон танҳо нишастаед? Кор расво шуд.
25 Маъсум – бегуноҳ, он ки дар умри худ гуноҳ накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё