Бачаҳои чобуксавор

— Чӣ гап? — хавотирангез пурсид Моҳира.
— Ман ҳозир хабар гирам гуфта, дари ҳабсхонаро кушоям, ҳардуи он нобакор мурда мондааст.
Сабабашро нафаҳмидам. Наход ҷонашон баромада бошад?
— Ҳозир худам рафта мефаҳмам! — баромад овози Илҳом ва дари баромад худ аз худ кушодаю пӯшида шуд.
Посбон «ин овози кӣ» гуфта, ба гирду ҷониб хӯсида-хӯсида чашм медӯхту аз ҳарос дир-дир меларзид. Лекин Моҳира сир бой надода, худро ба нодонӣ зада, суҳбатро оромона давом дод:
— Мурда бошанд, боз беҳтар. «Оби ганда ба хандақ». Ба ту ҷавоб полвонча. Ба хонаат рафта дам гир… Ҳа, воқеан, ту акнун аз пайи ягон касбу кори нав шав. Дар Чобук ба зиндону зиндонбон дигар эҳтиёҷе нест.
— Раҳмат, хонум! — гуфт посбон таъзим карда. — Ман меравам. Лекин шумо ин хел танҳо нашинед. Ба наздатон духтарони ҳарамро ҷеғ занед.
Дилам месӯзаду мегӯям-дия. Ин ҷо хавфнок, ба гӯши кас ҳар хел овозҳои бегона мерасад.
— Хуб, рав аз ман хавотир нашав. Духтарон ҳозир меоянд.
Посбон рафта истода, дар ҷойи васеъ худро ба чизе зада гирифт, ки такон хӯрда калавид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё