Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай бо ангуштони худ сару рӯйи Илҳомро мепалмосид, ба нафасгирии ӯ гӯш меандохт.
— Канӣ, акнун саргузаштатро гӯй, — шунида шуд овози Илҳом. — Дар ин ду шабу ду рӯз бе ман чӣ азобҳо кашидӣ?
— Ҳамон шаб то як поси шаб хобам набурд,
— гуфт Моҳира, як дасти худро байни кафҳои Илҳом ниҳода. — Саҳарӣ ғанабам бурдааст. Дигарашро намедонам. Сонӣ як пешхизмат воқеаро ба ман фаҳмонд. Вақте ки хоби ҳардуямон мебарад, вазир рӯйи болини ман як гули заҳролуд оварда мемонад. Ман дар хоб аз он нафас мекашам — нафас мекашаму аз ҳуш меравам.
Маро бардошта ба хобгоҳи махфӣ мебаранд.
Баъд аз таги сари ту таппончаро мегиранд, садкаса шуда аз рӯйи ҳавлӣ атомпланро тела медиҳанд, ба таҳхонае пинҳон мекунанд. Ана, кори шудагӣ ҳамин. Беҳуда нагуфтаанд, ки «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон».
Ту бошӣ, ҳамаи инро кори саҳлу осон пиндошта будӣ.
— Ман гунаҳкор, — иқрор шуд Илҳом ноаён ва боз овоз дод. — Лекин ту гапро ин хел кӯтоҳ накун,
— Моҳира. — Гӯй, ки бо ту он ваҳшиҳо чӣ муомила карданд?

пешина
аз 50
навбатӣ