Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НК доруи ниҳоят нодиру зӯр буда, метавонист организми инсонро се рӯз ноаён созад, яъне ба одам ранги ҳаво диҳаду он ба чашми касе нанамояд.
Илҳом баъди ним соати қабул кардани ҷавҳари НК дар худи зиндон ноаён шуд. Вай аз пеши посбонҳои бисёр ва дару панҷараҳои қатори зеризаминӣ бемалол гузашта, ба боло баромад.
Ӯро ҳеҷ кас надид ва табиист, ки пайхас ҳам накард.
Илҳом ният дошт, ки аввал Моҳираро ёфта халос кунад, баъд таппончаи лазериро ба даст ораду аз аҷинаҳо ниқор гирад. Вай ба толор вақте дохил шуд, ки шоҳу вазир Моҳираро истинтоқ мекарданд... Ана дар ҳамин гуна лаҳза Илҳоми нонамоён давида даромаду бигизро аз дасти вазир кашида гирифт. Оқибаташ чӣ шуд ба шумо маълум: яғмогарон ҷазои худро диданд, Моҳира озод шуд...
Акнун саволе ба миён меояд, ки пас, Моҳира, аз чӣ сабаб Илҳомро сарзаниш кард? Агар дар хотир дошта бошед, вай дар худи ҳамон ҷо ба Илҳом «кори нағз накардӣ», гуфта буд. Ин, албатта, беасос набуд. Гап дар сари он меравад, ки НК дар муддати се рӯз ба саломатии инсон зарар мерасонидааст.
Моҳира на фақат аҷинаҳоро ба зиндон андохта, ҳукми қатли Сиёҳаку Зарринаро бекор кард, сабзавоту ғаллаи зарангиёнро баргардонид, инчунин ба аҳолии Чобук эълон кард, ки онҳо мисли аввала озод умр ба сар баранд, ҳар як одам бемалол аз пайи касбу кори худ шавад. Ассотсиатсияи низоми офтобӣ ба сайёраи онҳо минбаъд васӣ мешавад, яъне чобукиёнро ба ҳимояи худ мегирад.
Дар қитъаи Чобук иди умумихалқии серӯза эълон карда шуд. Ба зиёрати Моҳира бо туҳфаҳои гаронбаҳо аз тамоми шаҳр ва деҳаҳои атроф вакилон меомаданд. Дарбориён, ки акнун хизмати Моҳираро мекарданд, низ серкор шуда монданд.
Вақте ки шабона дар қаср касе намонду пойгаҳ холӣ шуд, Моҳира гуфт:
— Илҳом? Ту дар кадом курсӣ нишастаӣ? Наздик биё, лоақал дастонатро дошта шинам. Дар ин қасри калон, ба назарам, худам танҳо мондагӣ барин. Ғайр аз ин ҳозир ки ҳеҷ кас нест, баъзе маслиҳатҳоямонро карда гирем.
Дасти нарми Моҳираро дастони гарму чандири мардонае фишор дод. Моҳира набинад ҳам, ҳис кард, ки Илҳом дар паҳлуяш омада нишаст.

пешина
аз 50
навбатӣ