Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вақте сари наъши бача дидам,
Шуд деҳкада боз ҳам азодор,
Гуфтам: Писарам хато накардаст,
Дар куштани молики ситамкор,
Ин кинаву интиқоми деҳ буд.

Дар маҳкама истода гуфтам:
Мо ҳарду шарики қатл ҳастем,
Дорем ба ҷурми хеш иқрор.
Фарзанди ҷавони хашмгинам,
Гуфтори маро намуд инкор,
То ман нашавам чу ӯ гирифтор.
Ногоҳ,
Он модари тоза доғдида,
Жӯлида,
Ранги рӯ парида,
Бо хашму хурӯш гуфт:
Ман ҳам бо ин ду нафар шарик ҳастам.
Фарёд кашид пирмарде:
Ман ҳам.
Печид ба ҳам садои мардум:
Мо ҳам.

Қозӣ ба ғазаб дар он талотум,
Зад ранг,
Бархост,
Биншаст.
Аммо ҳайҷону шӯри мардум,
Хомӯш нагашт.
То ки аз марг,
Фарзанди маро наҷот доданд.
Сад шукр ба даргаҳи Худованд,
Маҳкум шудем ҳарду бар ҳабс,
Нуҳ сол аз он замон гузаштаст,
Як соли дигар шавем озод.
Бошад, ки намираму бибинам,
Аҳли деҳи мо кунанд шодӣ.
Вақте писарам шудаст домод,
Ин аст маро гуноҳи пинҳон.

Дар зулмати ғамфизои зиндон,
Як нури латифи шодиовар,
Тобид ба Муҷрими сиёсӣ,
Дар фикр фурӯ шуд, ӯ ба худ гуфт:
Роҳи ману шоҳроҳи ин зан,
Роҳест кашида сӯйи Хуршед.
Андешаи ӯ гирифт оҳанг:
Модар!
Гунаҳи муқаддаси ту,
То ҳаст замона бод ҷовид!

ПАРАСТУ

пешина
аз 263
навбатӣ