ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дасте,
Дасти пасте,
Ӯро зи миёни боғ чида:
Бӯида,
Гирифта ком аз ӯ,
Безор шуда,
Фиканда вайро,
Дар коми палиди мунҷалобе.
Ҳарчанд,
Рухсораи Рӯсабӣ сиёҳ аст,
Лек ин гули бебаҳори худрӯ,
Бегуноҳ аст.
Шабҳо чӣ басо, ки ашкрезон,
Гаҳ тавбаву гаҳ дуо намуда,
То боз зани «наҷиб» гардад,
Осуда шавад зи ранҷи виҷдон,
Ин аст сиёҳ сарнавишташ.
В-он пул, ки шуд давои фарзанд,
Дашному катак, азоби зиндон,
Танҳо ҳама аз барои фарзанд.
Дерест, ки хам нагашта дигар,
Бо гиря бар он ду гӯри гумном.
Онҳо паси кӯҳҳои хомӯш,
Дерест ғунудаанд ором.
Дерест ба хилвати дарунаш,
Хомӯш шуда садои виҷдон.
Дерест бидуни шодиву ғам,
Хӯ карда ба зиндагии зиндон.
Одамкушу Дузд дида бисёр,
Аммо
Ин ҳафта барои аввалин бор,
Бо як нафар аз қумоши дигар,
Дорад сарукор.
Як луқмаи нон,
Нанг,
Зиндон,
Дашному катак аз он зани Дузд.
Он кас, ки нишаста пои девор,
Чун гурбаи ваҳшии гирифтор,
Ин зан,
Бо навъи башар шудаст душман.
Дерест дилаш даруни сина,
Он давраи гарми ҳамсариро,
Лабханду навозишу муҳаббат
В-он лаззату дарди модариро.
Дерест, ки ӯ зи ёд бурдаст,
Шарму ғами дуздии нахустин.
Ҷодугари шаб зи равзани дар,
Дуздона даруни дахма омад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё