Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Поҳои зарифу зебои туро,
Бо як абрешими афсонаомез,
Маҳкам бибандам.
Ва он ду боли ошӯбгаратро,
Ки яке сиёҳу яке сапед аст,
Бигирам дар даст.
То битвонам як лаҳза бештар,
Бигирам нерӯ,
Аз ишқ. Зиндагӣ. Набард. Орзу.

Эй парандаи тезпари замон!
Ту дар он гардиши тунди ҷовидон,
Моро нишонӣ рӯйи болҳоят,
Танҳо як лаҳза.

ПИСАРАКИ ХАМӮШ

Субҳдам, эй духтари фирӯзачашм,
Дар сабад аз боғ чӣ овардаӣ?
Атри гули ваҳшию бӯйи баҳор,
Рӯҳи маро карда маст.
Ҳолаи пироҳани нилуфарӣ,
Бар тани зебои булӯрини ту,
Бурда диламро зи даст.
Сурх нашав, рӯй нагардон, нарав,
Ман, ки худ аз шарм хомӯшам ҳанӯз.

Оҳ, ту, эй духтари фирӯзачашм,
Кош хабар доштӣ аз шодиам.
Рӯзи нахуст аст, ки дар зиндагӣ,
Мӯй зи рухсора тарошидаам.
Бо сабади гул ба раҳи сарнавишт,
Рӯйи биҳиштии туро дидаам.

ОЗАРАХШ

Эй борвар дарахт,
К-аз давраҳои дури замон мондаӣ ба ҷо.
Гар боди сард омаду пажмурда баргҳо
Чун қатраҳои ашк зи чашми ту рехтанд.
Гар аз ҳуҷуми боли сиёҳи калоғҳо,
Мурғон зи шохаҳои ту як-як гурехтанд.
Гар лонаи қанории рангин ба хун нишаст,
Бархезу боз кун
Оғӯш бар талиаи тӯфони бешикаст.
Бигзор озарахши дурахшон занад шарор,
Бар баргҳои хушк,
Бар кирмҳо, ки бар тани ту рахна кардаанд,
Бар хасми озманд.

Эй борвар дарахт,
Бингар, ки шоху барги ту ғарқи ҷавонаанд,
Ҳар шохаи ту ҷойи ҳазор ошёна аст.
Бинам, даме ки дар дили ин дашти сабзранг,

пешина
аз 263
навбатӣ