Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МЕПУРСӢ АЗ МАН АҲЛИ КУҶОЯМ?

Мепурсӣ аз ман аҳл куҷоям?
Ман кӯлиам, ман даврагардам,
Парвардаи андуҳу дардам.

Бар нақшаи дунё назар кун,
Бо як назар аз марзи кишварҳо гузар кун,
Бешак, наёбӣ сарзамине,
К-он ҷо набошад дар ба дар ҳаммеҳани ман.

Рӯҳи пареши хобгардам,
Шабҳои маҳтоб,
Дар олами хоб,
Бар сахраҳои бекарони орзуҳо раҳнавардам.

Бо пурсиши «аҳли куҷоӣ»,
Кардӣ маро бедор аз ин хоби тилоӣ,
Афтодам аз боми баланди орзуҳо,
Дар пои девори ҳақиқат.

Мепурсӣ аз ман аҳли куҷоям?
Аз сарзамини фақру сарват.
Аз домани пурсабзаи Албурзкӯҳам,
Аз соҳили Зояндарӯди пуршукӯҳам
В-аз кохҳои бостони тахти Ҷамшед.

Мепурсӣ аз ман аҳли куҷоям?
Аз сарзамини шеъру ишқу офтобам,
Аз кишвари пайкору умеду азобам,
Аз сангари қурбониёни инқилобам,

Дар интизорӣ ташна сӯзад чашмҳоям,
Медонӣ акнун
Аҳли куҷоям?

ГУЛИ СИМИН

Кабӯтарбачаҳо рафтанд саҳро,
Ба рӯйи сабзаҳо шабгоҳ хуфтанд.
Ба ҳар як бӯсае зад як ситора,
Гули симин шуданд, онҳо шукуфтанд.

Саҳаргаҳ духтари меҳрофарин дид,
Чу боғи пуршукуфа пунбазор аст.
Табассум карду бо худ зери лаб гуфт:
Дили пурорзуям пеши ёр аст.
Тамоми рӯз бо ишқи пуруммед,
Гули Маҳтоб ранги пунбаро чид.

ЯК ЛАҲЗА

Эй парандаи тезпари замон,
Орзу дорам парҳои туро,

пешина
аз 263
навбатӣ