ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чу гашт хурраму хушнуд, Жола, мегӯяд:
Пур аз суруру тараб бод зиндагонии ту.
ШОДБОШИ НАВРӮЗ
Кунун, ки боғ ҷавон шуд зи лутфи боди шамол,
Занад ба рӯйи ту лабханд ғунчаи иқбол.
Шуруъи Соли Навин асту орзумандам,
Ки бар сари ту кушояд ҳумои шодӣ бол.
НОХУНИ ГУЛГУН
Нохун, эй ёри паричеҳра, чу гулгун кардӣ,
Дили сад ошиқи савдозадаро хун кардӣ.
Кардаӣ нохуни худ ҳамчу шаби ҳаҷр дароз,
Хуб тақлид ту аз Ҳазрати Маймун кардӣ.
ИМШАБ
Шудаам бо ғами ҳиҷрони ту дамсоз имшаб,
Боз сӯзи дили шӯрида шуд оғоз имшаб.
Баски хуноби дилам аз мижа резад, гӯӣ,
Дида бар он шуда то фош кунад роз имшаб.
Бозгӯяд ба сабо шарҳи парешонии ман,
Хонад ин гуна, ки мурғи чаман овоз имшаб.
Маҳ хиҷил гардаду дар абр бипӯшад рухи хеш,
Гар шавад ҷилвагар он луъбати танноз имшаб.
Шамъи рӯйи ту гар оташ назанад бар пари ман,
Ҳамчу парвона кунам гирди ту парвоз имшаб.
Бигирифта-ст дили хастаам аз танҳоӣ,
Магар аз лутфи ту ин ғунча шавад боз имшаб?
Дар фироқи рухи зебои ту, эй офати ҷон,
Жолаи ғамзада шуд қофияпардоз имшаб.
МАНУ ИН НОЛАҲО
Ману ин нолаҳои ҳузновар,
Ману ин дидагони пургавҳар.
Ману ин дардҳои бедармон,
Ману ин ранҷҳои ғамгустар.
Кай ман ин гуна нола мекардам,
Кай ду чашмам зи ашк мешуд тар?
Кай маро буд рӯҳи ошуфта,
Кай маро буд қалби пурозар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё