Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ибтидои ҷавонӣ фитодаам ба қафас,
Гузашт мавсими шодиву парфишонии ман.
Ба бӯстони ҷаҳон ҳамчу сарви озодам
Табиат ар бикунад хуб боғбонии ман.
Барои он ки наояд ба дидагонам хоб,
Кунад ба шому саҳар ашк посбонии ман.
Ба сони шамъи шабафрӯз, Жола, месӯзам,
Зи шуълаҳо, ки барорад ғами ниҳонии ман.
АХТАРИ НЕКБАХТӢ
Куҷоӣ ту, эй ахтари некбахтӣ,
Ки як лаҳза равшан кунӣ осмонам?
Куҷоӣ ту, эй кавкаби шодкомӣ,
Ки дар партави худ кунӣ шодмонам?
Куҷоӣ ту, эй навгули дилфурӯзам,
Куҷоӣ ту, эй булбули нағмахонам?
Биёед, эй ахтарони фурӯзон,
Биёед бар чашми гавҳарфишонам.
Ман имшаб ҳазинам, ба меҳнат қаринам,
Бисозед бо нолаам, бо фиғонам.
Биёед, то бо шумо роз гӯям,
Бигӯям аз он ғам, ки сӯзад равонам.
Биларзед чун қалби пурорзуям,
Фурӯзед чун ахтари дидагонам.
Бибинед дар чеҳра сӯзи дарунам,
Биҷӯед дар ашк рози ниҳонам.
Шумоед имшаб гувоҳи дили ман,
Гувоҳи дили хастаи нотавонам.
Бибинед з-ин чархи пири ситамгар,
Чӣ сон хаста гашта-ст рӯҳи ҷавонам?
Бисӯзед бо Жолаи хастахотир,
Бисӯзед имшаб, ки ғам сӯхт ҷонам.
ШОДБОШИ АРӮСӢ
Фаришта бол кушояд ба соябонии ту,
Фалак ба шавқ дарояд ба шодмонии ту.
Чароғи айши ту бодо ҳамора нурафшон,
Баҳори бахти ту шодоб чун ҷавонии ту.

пешина
аз 263
навбатӣ