ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ман, ки ҳамчун парандаи озод,
Мекушудам дар осмонҳо пар.
Ман, ки будам ба бӯстони ҷаҳон,
Шоду хандон чу лолаи аҳмар.
Мешудам маҳви олами боло,
Мешудам сархуш аз ҷаҳони дигар.
Зи чӣ имрӯз зору маҳзунам,
Чӣ маро кард хаставу музтар?
Ку, куҷо рафт он ҳама шодӣ,
Чӣ шуд он хандаҳои ҷонпарвар?
Ман, ки ин гуна ошиқам ба баҳор,
Зи чӣ печидаам чу нилуфар?
Дардмандам зи бевафоии халқ,
Зору афсурдаам зи ҷаври башар.
Агдар ин боғ чун гули худрӯй,
Жола, бо хор гаштаам ҳамсар.
БА ФОРИҒУТТАҲСИЛҲОИ БИҲИШТОИН
Дуруду таҳнияти ман ба хоҳарони азиз,
Умедворам ҳамвора комрон бошед.
Ҳамеша даври фалак бод бар муроди шумо,
Зи ҳодисоти бади чарх дар амон бошед.
Ба рӯзгори ҷавонӣ ба бӯстони ҷаҳон,
Шумо чу булбули сармаст нағмахон бошед.
Агар ки бар дилатон доғи дарду ғам биншаст,
Чу лола дар чамани даҳр шодмон бошед.
Кунун, ки мавсими шодист, чеҳра афрӯзед,
Сафои гулшани хотир, фурӯғи ҷон бошед.
Ҷаҳониён ҳама гар бар сари ҷадал бошанд,
Шумо, ки мазҳари сулҳед, меҳрубон бошед.
Чунон ба илму ҳунар хештан биороед,
Ки байни ҷомеа сармашқи дигарон бошед.
Ба кори хайр зи рӯю риё бипарҳезед,
Ба кӯйи ишқ чунон беҳ, ки бенишон бошед.
Нишаста модари Меҳан ба интизори Шумо,
Ки дар раҳаш ҳама ҷонбахшу сарфишон бошед.
Бузургкишвари Эрон чу ошёнаи мост,
Ҳамеша дар паи таъмири ошён бошед.
Ба ғайри Меҳани маҳбуб дил ба кас надиҳед,
Агар ки духтари донои кордон бошед.
Кӯмак кунед ба бечора хоҳарони фақир,
Ба фикри рӯзи сиёҳи бародарон бошед.
Кунун, ки «Тӯда» гирифтори фақру бадбахтист,
Паноҳи хотири мазлуми кӯдакон бошед.
Агар ки давлату иқбол бар Шумо рӯ кард,
Ба ёди мардуми бадбахти нотавон бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё