Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Марҳамат, равед, – гуфт ў.
– Чанд рўз ба ман рухсат медиҳед?
– Чанд рўзе, ки лозим шудед истед.
– Ба ҳар ҳол ман хоҳише дорам.
– Марҳамат.
– Агар рафту ба сари Бурҳонова ҳодисае биёяд, ман худамро намебахшам.
– Чаро ҳодисае рух медодаст?
– Ҳоло Бурҳонова ягона шоҳидест ба муқобили Муллоев.
Муллоев бошад марди тарсўест ва тарс одамро ба ҳар роҳ бурданаш мумкин, рафту …
– Ин тарафи масъаларо ман ба инобат мегирам. Ба шумо роҳи сафед.
Сорбони Ҳомид ба хона омад. Хайрият падарашро дар беруни хона дида барқияро ба ў нишон дод …
– Кори хуб нашуд, се ҳафта боз мо ҳамин ҷо, вале ақламон нагирифт, ки ақалан то Ҳулбук рафта холаатро хабар гирифта биёем,– гуфт падар оҳ кашида.
Сорбони Ҳомид боварӣ дошт, ки падараш марди аз гармию сардии рўзгор бохабар роҳи дурусттари аз воқеъа огоҳ кардани модарашро ҳам меёбад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте ки онҳо вориди хона шуданд, падар ба тарафи модараш муроҷиаткунон гуфт.
– Кампир, ин бачаат ба Ҳулбук командировка рафтанист, ягон паёму салом дошта бошӣ, гап зан то ба холааш расонад.
– Охир агар рафтанӣ бошад, маро ҳам гирифта барад, як сари қадам апааму бачаҳошу набераҳоша хабар гирифта меомадам.
– Ман зид нестам ва рафтанатро бо писарат ҳал кун.
– Очаҷон, ман дар он минтақа ба кори хизматӣ банд мешавам, беҳтар мешуд, ки ҳамроҳи дадом якҷоя мерафтем.
Агар ман имконияти овардани шуморо наёбам аз он тараф ҳамроҳи дадом меомадед.
– Чӣ хел кунем, мардак?
– Магар рафтани ман шарт аст? – худро тарзе вонамуд карда гуфт падар гумон мекардед, ки рафтанӣ нест.
– Албатта, якҷоя равем беҳтар аст.
Падар ин дафъа ҳам сухани модарро нашикаст.

пешина
аз 408
навбатӣ