АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Баъди ҷанозаи тағояш модараш ҳам ба хонаи тағояш рафта, дуъою фотеҳа карда омад, вале ин баробари он буд ки:
Ман ки мурдам аз фироқи рўйи ту, Баъди мурдан хоҳ биёю хоҳ наё…
Ва имрўз ин барқияи шум боз аз марги холааш хабар медод. Боз аз дил гузаронд, ки:
Мардумо меган хола ба ҷои модарай …
Акнун ў бояд ин хабари шумро ба гўши модараш расонад.
Вале ин ба гуфтан осон …
Ў барқияро ба даст гирифта ҳамроҳи гузориши лаҳзае пеш навиштааш ба утоқи сардори ШКД рафт.
Ҳарчанд корҳои ҷустуҷўйӣ дар атрофи парвандаи ҷиноятӣ оид ба «парвози» Боқиев аз бинои нўҳошёнаи кўчаи Беҳзод дар арафаи анҷомёбӣ буд ва онро Абдуҷаббори Ислом дигар ба таъхир андохтани набуд, вале ба гузориши Сорбони Ҳомид, ки барқияро ҳамчун далели шайъӣ илова карда буд, шинос шуда ба хулосае омад, ки новобаста аз хоҳишаш корҳои ҷустуҷўйиро каме ҳам бошад, ба таъхир андохтан лозим меояд.
Лаҳзае ў худро дар ҷойи Сорбони Ҳомид тасаввур намуд.
Магар худи ў метавонад, ки агар чунин мусибате ба сари кадоме аз хешовандонаш биёяд, ба маъракаи видоъ наравад.
Албатта не. Охир одамӣ аз ҳама дигар махлуқоти дар олам вуҷуд дошта, танҳо бо ҳамин фарқ мекунад, ки шуур дорад.
Сорбони Ҳомид ҳис кард, ки қиёфаи ҷиддии сардор тағир ёфт.
– Мо ҳам ба ғаму андўҳи шумо шарикем бародар ва таъзияи моро ҳам қабул намоед. Чӣ илоҷ зиндагӣ ҳамин аст ва касе дар ҷаҳон пойдор нест. Ҳама якдигарнофаҳмӣ ва шўру мағал дар ҳамин дунёст. Ба манзили хомўшон касе сарвату давлаташро набурдааст. Ҳатто Искандари Зулқарнайро дар асоси васияташ дастонашро берун аз тобут ба манзили охират гусел намудаанд, то мардум бидонанд, аз ин дунё марде, ки ними ҷаҳонро ба зери тасарруфи худ даровард, бо дасти холӣ рафт …
Сорбони Ҳомид бори дигар ба инсонгарии Абдуҷаббори Ислом қоил шуд ва аз дил гузаронд, ки дар ҳақиқат марди бо фарҳанг ва хирадмандест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё