Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баъди як соат онҳо ҳар се якҷоя ба таксие нишаста роҳи
Кўлобро пеш гирифтанд …

Аз он чӣ ки милиса то кунун Нигорро суроғ накардааст Муллоев дар ташвиш буд. Дилаш гувоҳӣ медод, ки нохушии калоне ўро думболгир аст …
Албатта, имрўз баъди омадани соҳибхона аз хориҷа милиса бечунучаро назарияро дар бораи дар дасти дигар кас будани калидҳо аз эътибор соқид хоҳад кард. Дар он сурат субъекти асосӣ ки боиси таваҷҷўҳи милиса мегардад Нигор аст.
Ҳарчанд Нигор ба ў ваъда дод, ки дар бораи ў ба милиса чизе нахоҳад гуфт, вале ба гумон аст, ки ин кор ба он оҳубарраи зебо даст диҳад.
Агар ў мефаҳмид, ки кор чунин ранг мегирад, ҳеҷ гоҳ ба чунин ҷиноят даст намезад. Ҳеҷ бовар кардан намехост, наход милиса ба хонае, ки сокинонаш дар хориҷаанд таваҷҷўҳ зоҳир мекунад. Акнун ёбу гир …
Ҳамаи инро ходими илмӣ Муллоев чун қонунҳои физика мисли табаддулоти бузурге пеши назар овард ва фаҳмид, барои пешгирӣ кардани ин табаддулот, ки инқилоб оварданаш мумкин аст, бе қурбонӣ чорае нест. Албатта, ў намехост, қурбонии навбатӣ он оҳубараи зебояш гардад, вале рафти воқеъаҳо ҳаминро тақозо мекард, ки сайёд барои ҳифзи хеш аз баҳри сайдаш гузарад.
Расул Муллоев сари ин масъала хело андеша карда, чашмони ҷаззоби Нигор ва симои чун моҳи мунири ҷавонзанро пеши назар овард. Сухани охирини Нигорро «хайр сайёди ман, сайд ҳамеша интизори шумост» – ро ба ёд оварда аз дил гузаронд, наход ба шахсе ки дар зиндагӣ ин қадар лаҳзаҳои ширинро баҳрам ҳадя сохт хиёнат кунам…
– Туро ба ҷуз иҷрои он дигар чорае нест, – нидо омад аз вуҷудаш ва фаҳмид, ки ин васвасаи шайтон аст, вале астағфуриллоҳ нагуфт ва шайтони раҷимро санг назад. Оне ки бо гуноҳаш бобои одам ва момо ҳаво аз биҳишт ронда шуданд, акнун маслиҳатгараш шуд.

пешина
аз 408
навбатӣ