Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Боке нест, ба зами ин ман имшаб шомили гурўҳи оперативӣ ҳастам ва ба ягон ҷо шитоб надорам.
– Вале ман шитоб дорам, зиёфат бошад намегузорад, – гуфт Қурбонзода ва онҳо дар назди бинои милиса ҷудо шудаанд...

Автомашина чил – панҷоҳ метр аз истгоҳ гузашта истод.
Нигор дар як мижа задан худро даруни он гирифта, оҳи сабуке кашид..
– Хўш, чӣ гап шуд? – пурсид Расул.
Нигор ҳамаи дарду алами хешро ки рўзҳои охир ба сараш омада буд, ба Расул нақл кард.
– Шояд ягон нафари дигар ҳам калид дошта бошад, – пурсид Муллоев.
– Не, ба ҷуз ман касе калид надорад ва онҳо аз ман гумонбаранд.
– Онҳо шахси бегуноҳро ҳам ҳабс мекунанд?
– Не, вале онҳо талаб доранд, ки ман номи шахсеро ба забон биёрам, ки ҳамроҳаш «дар авҷи осмон» будам.
– Чӣ дар он ҷо будани моро магар ягон кас дидаст?
– Намедонам, вале онҳо мегўянд, ки чунин далелҳо доранд.
Ман метарсам.
– Чаро метарсидаед?
– Надонам, вале метарсам.
– Тарсидан лозим нест, худатонро ба даст гиред.
– Ин ба гуфтан осон. Ба фикрам қоил шудан лозим меояд.
– Чиро дар назар доред?
– Дар он хона будани ҳардуямонро.
– Пас ҳама сирри он вохўриҳои мо ошкор мешавад ва ин гап ба гўши домулло ҳам мерасад.
– Ин беҳтар аз он аст, ки маро ба куштор айбдор намоянд.
– Кӣ туро айбдор мекунад, канӣ далел?
– Далелаш ҳамин, ки марди бегуноҳе аз балкони хонаи хоҳарам, ки калидаш ба ҷуз ман дар дасти дигаре набуд, афтида ҷон додааст.
– Рафту он кас худаш калид дошта бошад чӣ? Охир одамоне ҳам ҳастанд, ки даст ба худкушӣ мезананд. Оё милиса ҳамин чизро намефаҳмад?

пешина
аз 408
навбатӣ