АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Чаро мо ба шумо бовар кунем, модоме ки занро шинохтеду мардро не, ҳол он ки онҳо ҳарду як ҷо буданд.
– Мо барои он занро шинохтем, ки дар ҳақиқат ўро борҳо ҳамроҳи марде дидем, вале марде, ки ҳамроҳаш буд, на он мардест, ки ба мо расмашро нишон додед. Мо ўро аз як фарсах роҳ ҳам мешиносем, чунки онҳоро мо бо чашми оддӣ не, балки бо «дурбин» ки аз бобоям ба мерос мондааст тамошо кардаем,
– гуфт Каромат ва Алишер ҳам ин сухани ҷўраашро тасдиқ кард...
– Ана чӣ хел тамошо мекардаанд дилдодагонро, – гуфт Сендеров баъди рафтани ҳама.
– Онҳо худ дар остонаи ишқу ошиқӣ қарор доранд, – гуфт Қурбонзода…
Шахси ғарқшудаистода агар шиновар ҳам набошад дар тавсалаи ҷон барои наҷотдиҳии хеш кўшиш мекунад. Вазъи Нигор ҳам аз ҳамон шахси ғарқшудаистода беҳ набуд. Дар сараш садҳо фикру хаёл давр мезад ва чун одами дар гирдоб рафта истода, роҳҳои чӣ тавр аз он баромаданро меҷўст. Аз кӣ мадад ҷўстанро намедонист. Номзадҳои зиёдеро пеши назар овард. Мегўяд, ки ҷомаи хеш ба тан наздиктар аст ва Нигор муҳокимаи номзадҳоро аз худи шавҳараш Зариф Бурҳонов сар кард.
Ҳамагӣ ду рўз пеш шавҳар барои кори ночиз қариб қиёматро қоил кард. Ҳатто ба суханонаш бовар накард. Ва модоме ки нав хомўш шудааст, оё дуюмбора ўро ба шўр овардан шарт аст? Албатта мепурсидагист, ки чӣ хел марди бегона ба хонаи хоҳарат даромадааст, модоме ки калид дар дасти ту буд. Магар ў ки ба сухани оддӣ бовар накард, дар чунин варта афтидани ҳамсарро ки акнун ба ёрӣ мўҳтоҷ аст мефаҳмид? – Ҳаргиз. Ин баробари он аст, ки бо чўб мори дар хоб бударо бедор мекунӣ. Ва чун мор ба ғазаб омад, аз ў роҳи халосӣ нест.
Нигор ба хулосае омад, ки дар ин бора бо шавҳар маслиҳат намудан беақлии маҳз аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё