Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамроҳи ман?
– Бале, ҳамроҳи шумо.
– Ман аз болоятон арз мекунам, кӣ ҳуқуқ додаст, ки маро тўҳмат кунед? Масъаларо ман хомўш намемонам, – гўён Нигор аз ҷояш хеста бо қаҳру итоб аз кабинети Сорбони Ҳомид баромад…
Дар тамоми роҳ суханони соҳиби утоқ «ҳамоне, ки ҳамроҳи шумо дар балкон ишқварзӣ намуда…» дар гўшаш садо дод. – Маълум мешавад, ки чизеро медонад, – аз дил гузаронд Нигор. – Сухани ростро гуфт.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, Савр агар хушк шавад, боз асо мегардад, – ин байтро ба хотир оварда, аз шикоят кардан андеша кард.
Рўз бегоҳ шуда буд. Фирўзро аз боғча гирифтан лозим. Ў дигар имконияти ба Муллоев занг задан наёфта, аз истгоҳ рост ба тарафи боғча рафт…
Дар бозгашт ҳамроҳи Фирўз сари қадам ба мағозаи хўрокворӣ даромада ҳасиб ва равған гирифта ба хона омаданд.
Тахминан ним соат пас Зариф ҳам омад ва ҳарчанд тамоми рўз Нигор дар бораи ба рафти воқеаҳои дар хонаи хоҳараш рухдода нияти шавҳарро огоҳ кардан дошт, вале баробари ўро дидан аз райъаш гашт. Онҳо сари дастурхон суҳбат намуданд ва Нигор ба хулосае омад, ки шавҳараш аз ин воқеа хабар надорад. Вале ин оромӣ ороми пеш аз ҳуҷумро мемонд ва маҳз аз чунин оромӣ ў метарсид. Он чӣ ки ў имрўз дар милиса фаҳмид, оқибати неке надошт ва агар дар ҳақиқат касе калидро аз паси оинаи даҳлез гирифта бошад ва боз ҳамон хел ноайён оварда монда бошад, ба ҷуз Расул дигар кас нест. Модоме, ки чунин аст, ба гумон, ки сирру асрори ў нуҳуфта монад ва агар ба сари Расул ҳодисае ояд, ў дигар намедонад чӣ кор кунад?
Мақоли халқии «ба умеди зоғ шуду аз раззоқ ҳам монд» – ро ба хотир оварда дилаш хиҷил гашт...

28 – уми июл, рўзи ҷумъа. дар асоси супориши дирўзаи Сендеров ва Қурбонзода ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид сари субҳ ба хонаи Боқиев рафт.

пешина
аз 408
навбатӣ