Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир очаҷон, ман дар дигар ҷо не, дар корам, – худро сафед карданӣ шуд Сорбон.
– Кор, кор гуфта мешинӣ. Рўз ки кор кардӣ шаб роҳи хонаатро фаромўш накун. Рафту духтари мардак ягон касалу бемор шавад, пас чӣ кор мекунӣ?
– Кўшиш мекунам очаҷон, ки минбаъд шабҳо ба хона биёям,– модарро ором карданӣ шуд ў.
Умеда дастурхон оварданӣ шуд, вале кампир намонд. Гуфт бигузор марде, ки то нисфи шаб ба хонааш намеояд гурусна хобад. Аммо мўйсафед ба келин амр кард, ки дастурхонро биёрад. Кампир дигар чизе нагуфт. Сухани мўйсафед барои ў аз ҳама қонунҳои умумибашарӣ болост ва инро келину писараш ҳам медонистанд.
Онҳо сари дастурхон то дер гоҳ суҳбат карданд…

Нигор баробари ба хона даромадан ба истиқболи шавҳар рафт ва дастонашро халқа карда ба гардани шавҳар тоб дода аз лабонаш бўсид, вале чун аз тарафи шавҳар ҳаракатеро надид, фаҳмид, ки ў ранҷидааст.
«Ҳаминаш намерасид, – аз дил гузаронд зан, охир ман ба номи ў қасам хўрдам, вале ана натиҷааш, ҳатто як бўсаро аз ман дареғ дошт. Ҳоло исто, чунон кунамат, ки ба бўсаам зор шавӣ»… Вале ҳамоно ў худро ба даст гирифта бубахш гуфт.
– Дар куҷо мегардӣ?
– Хонаи Хумор рафта будам, – худро ниҳоят ба даст гирифта гуфт Нигор.
– Чӣ, Хумор омадааст?
– Не, вале ду – се рўз пас меояд, ана телеграммааш. Ў қоғазеро аз сумкааш бароварда барои исбот ба дасти шавҳар дод.
Зариф ба қоғази дар дасташ буда як чашм дўхта, мисли оне ки қоғаз вуҷудашро сўхта бошад, ҳамоно онро ба дасти ҳамсараш дода гуфт:

пешина
аз 408
навбатӣ