Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд дар роҳ аз писар дар бораи модараш маълумот гирифтанӣ шуд, чизе нафаҳмид. Фирўз гуфт, ки субҳ модараш ўро ба боғча овард…
– Пас Нигор куҷо рафта бошад? – суол медод ў ба худ.
Баъди даҳ – поздаҳ дақиқа Нигор ҳам омад…

Баробари ба хона даромадан Умеда шавҳарро ба ошхона таклиф кард.
– Пиру кампир наомаданд?
– Омаданд.
– Пас дар куҷоянд?
– Дар меҳмонхона намози хуфтанро мехонанд.
Ў хост ки худаш рафта дарро кушода бинад, вале ҳамсараш аз дасташ дошта гуфт:
– Аммаам медонад.
– Чиро медонад?
– Дар бораи писарат, – сар ба зер афканда гуфт зан ва рухсораҳояш лолагун шуданд.
– Худат гуфтӣ?
– Не.
– Пас аз куҷо медонад?
– Надонам, ман дар ошхона будам, ки ў ба ин ҷо омада, ба таомпазиям наззора карда, суҳбат кард ва ногоҳ гуфт, ки келин ба фикрам ту дуҷон шудаӣ…
– Ту чӣ гуфтӣ.
– Ман чӣ ҳам мегуфтам, аз шарм ба хонаи дигар рафтам ва чун баргаштам, аммаам нисбат ба он ки Шумо шабҳо дер меоед норозигӣ кард. Имшаб саратро сила намекунад таёриатро бин, – хандида гуфт ў.
– Мўйсафед ҳам медонад?
– Не.
Шавҳар назди волидайнаш ба меҳмонхона даромад. Онҳо даст ба дуо бардошта буданд ва ў ҳам амонат сари по нишаста, даст ба дуо бардошт ва баробари падару модар омин гуфта даст ба рўй кашида, ба пешвози онҳо хест. Баъди ҳолу аҳволпурсӣ модараш ўро хело сарзаниш кард, ки наход мард шабҳо ба хона наояд.

пешина
аз 408
навбатӣ