АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

-Мегуфтед, ки хонандаи худро чӣ хел дидан мехоҳед ва дар симои хонандаи имрўза кадом бартарӣ ва норасоиҳоро мебинед?
-Дар бораи хонандаи худ чизе гуфта наметавонам. Агар медонистам, бемуҳобо ҳангоми навишт андешаҳои онҳоро мавриди назар қарор медодам. Хонандаро шинохтан ин инсонро шинохтан аст. Ҳарчанд адабиёт пеш аз ҳама инсоншиносист, вале, мутаассифона, аз ин фан бандаро гирифтани баҳои хубу аъло ҳанўз муяссар нашудааст. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки ҳангоми эҷод тамоми ҳушу ёди ман ба ҳаракатҳои қаҳрамонони асар дода мешаванд ва дар он лаҳзаҳо ман ҳамнафасу ҳамфикри прототипҳои асарҳои хешам. Гумон мекунам, ки баъди ин суханон ману хонанда ба истиқболи ҳамдигар гом хоҳем зад.
-Корозмудагӣ дар адабиёт чӣ нақше дошта метавонад?
-Корозмудагӣ ё худ профессионализм ин дар сатҳи олӣ донистани касби хеш аст. Танҳо он суханвароне, ки ба ҷуз навиштани асарҳои бадеӣ дар жанрҳои гуногун даст задаву муваффақ шудаанду қалами хешро дар иншои мақолаю тақриз ва очерку фелетон санҷидаанд, шоистаи ин ном буда метавонанд.
Нафари корозмуда ҳама гуна ҳолатҳои зиндагиро дар кадом шакле, ки набошад, ба қалам дода метавонад. Нависандагоне, ки ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм машғуланд, на дар ҳама ҳолат ба навиштани хабару мақолаҳо даст мезананд, чунки ин метавонад таваҷҷуҳи онҳоро аз мавзўи асосӣ дур созад. Аслан чунин амал боиси таассуф аст, чунки ҳатто Л. Н. Толстой ҳам ҳангоми навиштани романҳои «Ҳоҷӣ Мурод» «Воскрисение» («Якшанбе») ба навиштани жанрҳои хурд чун мақола даст мезад. Қариб аз нисф зиёди адибони мо низ дар як вақт ба ҷуз ходими адаби рўзномаю маҷаллаҳо буданашон боз ба навиштани асарҳои калонҳаҷм даст задаанд, ки ин як нишонае аз профессионализми онҳост.
-Нуқтаи назари Шуморо дар атрофи жанрҳои калон ва хурди адабӣ дар қиёси роман ва ҳикоя донистан мехостем?
-Роман ин мақола, очерк ва ҳатто ҳикоя нест, ки муаллиф возеҳу равшан дар шакли кутоҳ мақсаду мароми хешро ба қалам диҳад. Роман аслан чун оркестри калони симфонист, ки навозандагони зиёде дар зери ҳаракатҳои ишоравии дирижёр садои асбоби дар дасташон бударо пасту баланд мекунанд ва аз ҳама ин садоҳо як овоз бурун меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор