Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳикоя бошад, аслан ба сози мусиқие, ки дар иҷрои як навозанда амалӣ карда мешавад, шабеҳ дорад. Аслан дар ин ду намуди мусиқӣ тафовуте нест, чунки дар ҳар ду ҳолат ҳам навозандагон як сурудро ба самъи шунаванда расониданд. Муҳим он нест, ки дар кадом жанрҳо адиб мақсаду мароми хешро баён мекунад, муҳим он аст, ки он мақсаду маромро чи тавр ба қалам додааст. Рафту агар аз нигоҳи таҳлил ба ин ду жанр нигарем, метавон дар эҷоди онҳое, ки аз ин жанри хурд дил канданӣ надоранд, ҳикояҳоеро дарёфт, ки аз як эпопеяи бузург ҳам бартарии бештаре доранд. Чи лозим навиштани асаре, ки ҳангоми то охираш хондан аввалашро аз ёд мебарорӣ.
-Дар асарҳои моҷароӣ ҳамеша куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва дуздӣ мавриди таваҷҷуҳи адибон аст. Магар ин жанр ҳанўз барои шумо дилбалазан нашудааст?
-Ҳарчанд нигоҳи банда ба зиндагӣ оптимистона (некбинона) аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо аз макру ҳияли дар ҳаёт рухдода чашм пўшем. Худи жанри мазкур тақозо бар он дорад, ки чунин ҳолатҳо китобат шаванд, то мардум бифаҳманд, ки дар ҳама давру замон амали бадро подоше чун ҷазо будааст. Ҳатто дар замони Шўравӣ, ки имрўз насли калонсол дар ёд дорад, мавзўҳои майзадагӣ ва муносибати он бо олами ҷиноӣ, гардиши маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ мавзўҳои доғи рўз ҳисоб мешуданд ва дар ин бора даҳҳо асарҳо нашр шудаву садҳо филмҳо ба навор гирифта шуда буд. Гумон доред, ки акнун ҳама он доғи рўз аз байн рафтааст? – Ҳаргиз чунин нест. Он замон падару модарони мо мегуфтанд, ки «кулли омин бадтар» ва айнан чунин шуд, бубинед ба он ҳама доғи рўз боз терроризму экстремизм ҳам сарборӣ шуд, хариду фурўши одамонро шунида дили инсонро даҳшат зер мекунад, шумо бошед мегўед, ки оё ин мавзўъ дилбазан нашудааст. Дилбазан нашудааст, чунки асари бадеӣ бояд баёнгари ҳама гуна ҳолатҳои неку бади зиндагӣ бошад. Нависанда ҳуқуқ надорад, ки ҳолатҳои хуби ҳаётро ба риштаи тасвир кашида аз ҳолатҳои бади он чашм пўшад. Адабиёт вазифадор аст, ки хонандаро ба андеша водор намояд то ба маънии аслии ҳаёт, ки номаш зиндагию марг аст, сарфаҳм равад. Инсон танҳо дар чунин ҳолат ба мафҳуми пурраи зиндагӣ сарфаҳм меравад ва кўшиши ба қадри он расиданро мекунад.
-Мегўянд бисёр машҳур будан ҳам чандон хуб нест. Чаро?

пешина
аз 408
навбатӣ