Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асарҳои банда низ гоҳ гоҳе аз он рўзгори ширин аз забони персонажҳо хотироте рўи коғаз омада.
-Ба андешаи Шумо сифатҳои нохуби адиб метавонад дар асарҳои эҷоднамудааш аён гардад ва оё метавонад инсони бад нависандаи хуб шавад?
-Агар ҳамаи адибони мо фаришта мебуданд ба гумон буд, ки мо соҳиби чунин адабиёти оламшумул мегаштем. Албатта инсони бодак, таърифӣ ва худпараст асари хуб навишта наметавонад, ин танҳо андешаи ман аст. Дар асл ин мавзуъ ҳанўз пурра мавриди омўзиш қарор нагирифтааст. Вале эҷод ҳамеша тарафҳои ноаёни худро дорад. Чи хеле гуфтам, одами бехирад асари хуб навиштанаш ба гумон аст, вале нафаре, ки дар ҳаёт азоб кашидааст ва бо нобаробариҳои кору зиндагӣ ҳамеша даст ба гиребон будааст, метавонад асари хонданибоб нависад. Албатта, хонанда ҳамеша адиберо дидан мехоҳад, ки аз рўи кору пайкори хеш аз дигарон як сару гардан боло меистад. Дар Шарқ ба шахсияти эҷодкор ҳамеша диққат медиҳанд, ҳол он ки дар Ғарб таваҷҷуҳи хонанда бештар ба офаридаи адиб аст, на ба шахсияташ.
-То ҷое, ки иттило дорем, Шумо дар соҳаи милиса вазифаи баланде ҳам надоштед, вале чун кас ба мазмуну мундариҷаи асарҳоятон шинос мешавад, гумон мекунад, ки Шумо ҳамаи зинаҳои кор дар соҳаро пушти сар намудаед. Оё дар асарҳоятон заррае аз саргузаштҳои худатон ҳаст?
-Ҳаст ҳолатҳое, ки баъзан нависанда дар асарҳояш аз саргузаштҳои худаш истифода мебарад ва боз нависандагоне ҳастанд, ки самти эҷодашон ба муқобили ҷараёни рўзгорашон аст.
Бояд зикр намоям, ки прототипи бисёре аз асарҳои нависандагонро дар байни дўстон ва шиносҳои онҳо ёфтан мумкин аст, вале боз ҳастанд ангуштшумор ҳолатҳое, ки адибон ба муқобили ҷараёни об шино намуда. Тадқиқотчиёни рус бар он назаранд, ки Гогол бо ҳама шармгинию содалавҳии хеш «Тарас Булба» ва «Ревизор»-ро навишт. Ба андешаи муҳаққиқон Николай Василевич ҳангоми ифшои ин ду асар мавқеи қаламро ба муқобили зиндагиномаи хеш равон сохт. Аслан ба нафароне чун Н.В. Гогол аҳсан бояд гуфт. Мутаассифона, чунин эҷодкорон ангуштшуморанд. Дар мавриди хеш ҳаминро гуфтаниам, ки ҳарчанд соҳиби вазифаи калоне ҳам набудам, вале таи се даҳсола аз рўи ҳамин касб нон хўрдам ва на танҳо бо комиссароне чун Каттани, балки то Терозинҳо ҳам суҳбат доштам, ки хонанда метавонад ҳар ду ин симоҳоро аз асарҳоям дарёбад.

пешина
аз 408
навбатӣ