Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Сараввал мехостам оиди масъулияти адиб ҳангоми эҷоди асари бадеӣ ва қарзи ў ҳамчун суханвар дар ин роҳи пурпечутоб чанд сухан мегуфтед?
-Навиштан ин санъат аст. Пас агар чунин аст, адибро лозим аст, ки пеш аз баёни сухан ба каломе, ки болои саҳфа оварданист, чун ба маъбад нигоҳ намояд. Маъбадро бояд аз ҳама самтҳояш зери кунҷи муайян нигоҳ кард ва кунҷи аз ҳама назаррабояшро ба риштаи тасвир кашид. Нависанда аз рўзноманигор бо он фарқ мекунад, ки ў офарандаи асари бадеист ва асари бадеиро бе образи бадеӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асари бадеӣ аз хабар ва очерк бо бадеияташ фарқ мекунад ва агар чунин аст нависанда имкони бештаре дар баёни каломи хеш дорад. Рўзноманигор ҳангоми навиштани хабар ё очерк бояд аз ифшои ҳама гуна каломи дурўғ худдорӣ намояд, вале нигорандаи асари бадеӣ ҳангоми эҷоди асар метавонад ба мақоли халқӣ «дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез» низ такя намояд.

Чун нависанда ҳам фарди ҷомеа аст чун ҳама шаҳрвандони дигар дар нисбати кору фаъолияти хеш ҷавобгў аст. Қарзи касбии нависанда ин офариниши асари бадеист ва ў бояд бо навиштаҳои хеш зиндагӣ ва рўзгори имрўзаро пешорўи ояндагон гардонад.
Чун адиб чашми миллат аст, бояд ҳамеша дар хушбахтию нокомӣ ҳамроҳи халқи хеш бошад ва бо сухан ифодагари иродаи ҳамин миллат бошад. Форматсияҳои ҷамъиятӣ чун боду ҳаво тағйир меёбанд, вале андешаҳои адиб чун худи табиат бояд мавқеашонро иваз накунанд.
-Ситоиши даврони бачагӣ дар эҷоди бисёре аз адибон дида мешавад, дар эҷодиёти Шумо чӣ?
-Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст, То ба пойи хеш равон гаштем саргардон шудем, -гуфтани шоирро ҳам сабаб он аст, ки замони кўдакӣ замонест, ки бача аз шару шури дунё бехабар дар иҳотаи волидйн, бобою бибӣ, хешу ақрабо умр ба сар мебарад ва ҳамин муҳити худмуҳофизаткунанда ўро аз баду неки ҷаҳон эмин медорад. Чун дар он замон ўро масъулияте ба дўш нест бо хоси худ ба даву тоз ва бозиҳои кўдаконаи хеш машғул мешавад ва ҳама он пайроҳаҳои тайнамудааш дар ёдаш нақш мебандад. Новобаста аз заифии хеш кўдак хотироти қавӣ дорад ва чун худ калон шудаву бори зиндагӣ ба дўшаш гашт, он хотироти нек дубора равшан мешавад ва то охири умр ўро дунболгир аст…

пешина
аз 408
навбатӣ