АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Бо азобе ба ҳозирин муясар шуд, ки ўро ором кунанд, ҳарчанд вазъи онҳо ҳам аз Ситора беҳ набуд. Камолиддинов ҳам рўяшро ба дигар тараф гардонида, ашки чашмонашро пок кард.
– Худоё, ин чи рўзе буд, ки ба сари мо овардӣ, – нола мекард Ситора, вале магар нолаи ин зани муштипар ба гўши фалаки каҷрафтор мерасид…
Баъди ҳуҷҷатгузории расмӣ барои бурдани мақтул рухсат доданд. Ҷасадро ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бор карданд.
Ҳарчанд Ситораро ба автомашинаи директор шинонданӣ шуданд вале ў ҳамроҳи Камолиддинову Намоз ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ нишаст…
Нигор калидҳоро ба қулф андохта онро тоб дода, дари фулодинро кушода, нияти ба хона даромадан карда буд, ки дар ҳамин лаҳза касе дасти ўро дошт. Ба қафо нигариста ҷавони бисту ду бисту панҷ солаеро дид.
– Худаш чӣ гап? – пурсид Нигор.
– Беҳтараш, ки ба хона надароед.
– Чӣ ба хонаи худ даромадан манъ аст?
– Манъ – ку нест, вале ин хонаи шумо нест.
– Чӣ ба фикри шумо ман дўздам?
– Ман ин хел нагуфтаам, вале хона дар зери назорат аст ва ҳар ки нияти ба он даромадан дошта бошад, мо маҷбурем, ки ўро дастгир намоем.
– Чӣ шумо милисаед?
–Ҳамин хел аст.
– Ҳар кӣ ҳам бошед ин хонаи хоҳарам аст ва ман бояд даромада хонаро рўбучин намоям, чунки ду – се рўз пас хоҳарам аз хориҷа меоянд.
– Додихудо ба идора занг зада ҳодисаро фаҳмон, гўй ки хешу табори соҳибхона омадаанд.
Ва ҳамин вақт Нигор дид, ки аз зинаҳои ба тарафи бом мерафтагӣ нафаре поён фаромад. Ў дар даст мухобираи хурдакаке дошт.
– Марказ! Марказ! Ман Кайҳон! Ба алоқа бароед.
– Кайҳон! Ман Марказ! Шуморо гўш мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё