АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Албатта, дар ҳолате, ки мо ҳанўз фарзанддор набудем, агар Нигорро медидам, мумкин буд аз Рухшона ҷудо шудан… Ўро бин, бо як нигоҳ маро ба хонаи хобаш даровард. Канӣ кафолат, ки ў боз ба ман хиёнат намекунад… Не, не зане, ки ба шавҳараш шох монд, гумон аст, ки шавҳари дуюмро ҳам замоне нафурўшад …
«– Ҳоло чунон ҷудо шавӣ ки… Хаёл мекунӣ имрўз Нигор ба хонаи хоҳараш рафта, аз воқеа огоҳ намегардад. Ў туро бо роҳи шантаж аз ҳамсарат ҷудо мекунад» – нидо омад аз қалбаш.
«– Охир он ҷо ман ягон нақши ҷиноятро намондам– ку.
– Ана ҳамин аст хаттои ту.
– Чӣ хел хатто?
– Он чи ки ҳамаро тоза кардӣ.
– Ҳеҷ намефаҳмам?
– Вақташ ояд мефаҳмӣ!!!»
Муллоев сумкаи сафарии Боқиевро пеши назар овард. Дар он рўзи тақдирсоз Боқиев сумкаи сафариашро, ки дар он ҷо пул, ҳуҷҷатҳо ва либосҳои тозааш буданд, ҳатто аз автомашинаи ҳамкораш нафаровард. Муллоев дусаду бист сомонии дар сумка бударо ба кисса зада, ҳуҷҷатҳои ҳамкорашро ҳангоми баромадан аз автомашина дуртар аз гараж оташ зад. Аз чӣ бошад, ки сумкаи сафарӣ ва либосҳои марҳумро напартофта, сумкаро ба таги майда – чўйдаҳои гараж монд.
Ў қоғазу қалам гирифта машғули кор шудан хост, ки Зевархон бо чашмони ашколуд ба наздаш даромад…
– Чӣ гап шуд?
– Давлат – акаро куштанд, – бо овози гирифта гуфт котиба.
– Чӣ гуфтед?
– Давлат – акаро куштанд, Ҳаёт Алиевич телефон карда гуфтанд, ки ҳамаро хабар созам. Агар рафтанӣ бошед, баъди ним соат автобуси институт меравад, – гўён котиба аз дар баромад…
– Ана, барои чӣ Камолиддинов бо қошу қавоқи гирифта ба ин ҷо даромад. Хайр канӣ бинем, боз чӣ мешавад, – гўён Муллоев ҳам аз утоқи кориаш берун барома. Чун матои сафедро аз болои ҷасад бардоштанд Ситора: оҳ сари сахтам, кўдакони сағираам,– гўён фиғон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё