Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҷомаи кас ба танаш наздиктар аст. Банда, ки нони милисаро хўрдаам, наметавонам ба хонанда аз зироаткорию боғдорӣ вазъ гўям.
– Насри муосири тоҷикро дар кадом поя мебинед?
– Ҳарчанд бинобар камии теъдоди нашри асарҳо адибон наметавонанд худро пурра ба хонандагон рў ба рў намоянд, вале ман бар он ақидаам, ки насри муосир рў ба тараққӣ аст.
– Дар қиёс адабиёти хешро бо адабиёти ҷаҳон чӣ хел мебинед?
– Нависанда номбардори миллат аст ва танҳо тарҷумаи асарҳояш метавонад ў ва дар симои ў миллаташро бо хулқу атворашон ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Барои мисол як китоби Жорж Семинон ба миқдори 3 миллион нусха ва аз Агата Кристи ба миқдори 3 миллону 100 ҳазор нусха ба забони русӣ чоп шудаанд ва биёед онҳоро ба 300– 500 нусха китоб, ки мо чоп мекунему дар фикри тарҷумааш нестем, қиёс намоем.

– Аз адибони ҷаҳон киро мепарастед?
– Парастиш–ку не, вале асарҳои Семинон, Чейз, Агата Кристи, Юлиан Семёнов мақбули мананд. Ман бисёр орзу мекунам, ки асарҳои адибони тоҷик ҳам чун осори адибони дар боло зикр шуда ба дигар забонҳо тарҷума шаванд, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

АДИБЕ АЗ САРГАҲИ ХИНГОБ1

Инсонро гоҳҳо ғаму ғусса он қадар дилгир мекунад, ки ҳатто дунё барояш танг аст. Сўзи сина ончунон алангае дорад, ки вуҷуди инсонро месўзонад. Табиист, ик андуҳи гарон бор мешаваду буғз дар гулў мепечад ва фарёд cap дармеоварад... Чанд китобе, ки моҷаронавис Шарибек Азизӣ рўйии чоп овардааст, ин қиссаи дигар аст. Вале тасодуфан омадани ў ба майдони адабиёту нигорандагӣ сўзу алами дарднокест, ки дар ҳар китобе нағунҷад.
Марги фарзандон ҳуқуқшинос – милисаро қаламбадаст кардаву моҷаронавис, то идомаи орзуи ҷигарбандонаш аз ёдаҳо ҳаргиз зудуда нагардад...
Мо бо нависанда Шарифбек Азизӣ лаҳаззоти зиёде гуфтугуву суҳбат доштем. Агарчи ҷаҳони ботинии ин нависанда хеле васеъ асту пурбор, вале ғамбор асту ғамбор...

пешина
аз 408
навбатӣ