АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Инро намедонистам. Фақат медонистам, ки аксар эчодкорон аз айёми хурдӣ завқу шавқ доштаанд. Бо тааҷҷуб пурсидам:
илҳоми нависандагӣ кай ва чӣ гуна дар замиратон cap кашид?
Ў чунин посух дод:
– Зиндагӣ аслан афтодану бархостан аст. Банда низ алами дардноке дидаму солҳост зери фишори он мондам. Дар ҳаёт ва рўзгорам чанд ҳодисае рух дод, ки нависанда шудам. Ин нависандагиву нигорандагӣ ба хотири фарзандони ғуррамаргам Абдумаҷид ва Сорбон буд, ки яке дар замони ҷангҳои шаҳрвандӣ дар синни 13-солагӣ ҷавонмарг шуд, дигаре 6 моҳ баъд дунёро падруд гуфт ва моро дар ғам нишонд. Писари бузургам
1.Суҳбаторо сармуҳаррири «Мавҷи Хингоб» Наҳтутии
Муҳаммадюсуф. «Мавҷи Хиноб» № 10, октябри соли 2016.
Абдумаҷид дар дил орзу дошт, оянда нависанда шавад. Муддати ду сол ман бо хаёли пуртабу тоб ва сўзи онҳо дар мотам нишастам.
Вале баъдан ба хулосае омадам, ки идомаи зиндагии онҳо бошаму номе аз онҳо боқӣ гузорам. Ба ин натиҷа расидам, ки қаламу коғаз мегирам...
Бародарам Ҳокимбек журналист аст. Боре аз деҳа омадаму меҳмонаш шудам. Ҳамзамон устоди бисёр гиромӣ Муҳаммадҷон Мирзошоев низ меҳонаш буданд. Суҳбат гарм мерафт, аз моҷароҳои рўзгори пуркор барояш қисса кардам. Дар ин маврид ў нигоҳи маънидоре намуда гуфт, агар чунин рўзгори пурмоҷарое медонӣ, чаро навишта ба мо пешниҳод намекунӣ, то дар маҷалла ва нашрияҳо рўйи чоп биёрем, шояд мардум ба чунин нигоштаҳо ниёз доранд.
Гуфтам: – Ака, то саҳар як чиз навишта биёрам– чӣ? Дар посух боз ҳам устод нигоҳе намуд, тааҷубангез. Шояд ба андеша рафт, ки навиштае пурбор чӣ гуна метавонад дар муддати кутоҳ эҷод шавад. Ва ё шояд фикр кард, ки ман боре қалам ба даст нагирифтаму сабуксарона андеша кардам...
Оре, одаме, ки боре қаламро ба даст нагирифтааст, чӣ гуна метавонад аз сари шаб то саҳар ҳикоя ва ё романи хуб офарад.
Фардо коғазу қалам ба даст гирифтаму ҳикояеро рўйи авроқ оварда, ба наздаш бурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор