АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Шояд хома ба даст гирифтанатонро сабаб дигар бошад? Ё дар милиса Шумо ба мансабе нарасидед ва шўҳратро аз дигар тараф ҷўё шудед?
– Таърих худ ба кирдори шахс довар мешавад. Онҳое, ки дар талоши мансабанд, кўшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд, ки сари мансаб биёянд. Роҳу равиши онҳо дигар аст ва ба фикрам ман аз ин мактаб дуруст сабақ нагирифтаам. Ба қавли устод Гулназар:
Бимонад баъди соқӣ соғари мул,
Зи фасли навбаҳорон хирмани гул.
Бимонад баъди шоир дафтари шеър,
Зи марди пулпараст овозаи пул.
Ба ҳар ҳол, агар асаре офарам, ки мақбули хонанда гардад, барои ман аз ҳама мансабҳо болост. Чи хеле ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, шўҳрат ҷўстан ин маъние надорад.
Меҳнат ва танҳо меҳнат шахсро ба қуллаҳои мақсуд мебарад. Вақт бошад, чун довар ҳамаро ҷо ба ҷо мегузорад. Чархи гардун бисёр соҳибмансабонро бе ному нишон монд ва бисёр бенавоёнро шўҳрати ҷаҳонӣ дод.
– Гуфтаниед, ки «Бенавоёнро Худо ризқи ҳавоӣ медиҳад»?
– Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале барои ризқ талош мебояду талош.
– Чун корманди милиса гуфта метавонед, ки коррупсияро имконияти барҳам додан ҳаст ё не?
– Таҷрибаи ҷаҳонӣ худ гувоҳи он аст, ки коррупсияро пурра барҳам додан мумкин нест.
– Чаро?
– Чунки ришвахўрӣ манфиати дутарафа дорад. Шахс барои иҷрои амале ришва медиҳад ва ришвагир кори ўро иҷро мекунад.
Яъне ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад. На ришвадеҳ ва на ришвагир ба ягон ҷо муроҷиат намекунанд. Ҳатто дар солҳои 70- уми асри гузашта дар СССР мафҳуми «цеховики» пайдо шуд, ки соле 20- 30 нафар аз намояндагони бизнеси сиёҳ ҳукми қатл мегирифтанд, вале ҳеҷ нашуд, ки нашуд. Умуман, коррупсияро пурра нест кардан намешавад, вале мо набояд лаҳзае муборизаро нисбат ба онҳо суст намоем.
– Ба моҷаро рў оварданатон чи сабаб гашт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор