АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Сардори яке аз бахшҳои МУР подполковник А.В.
Сендеров баъди шунидани матлаби вай бо телефон ба касе супориш дод, ки лейтенанти калон Чепурнойро ба наздаш фиристанд. Баъди даҳ дақиқа ҷавони қоматбаланде рухсат пурсида вориди утоқи кории Алексей Владимирович шуда гуфт:
– Рафиқ подполковник лейтенанти калони милиса Чепурной бо амри…
Сардори бахш моҳияти қорро бори дигар баорасӣ намуда, Чепурнойро ҳамроҳи Сорбони Ҳомид фиристод.
Баъди нисфирўзӣ онҳо Морозовро дастгир намуда ба МУР оварданд. Тамоми шаб дар дафтари кории Василий Василевич Чепурной чароғҳо фурўзон буданд. Қарибиҳои субҳ Морозов аз натиҷаи сафари пинҳонияш ба Душанбе ҳисобот навишт.
Вай навишт, қи Ваняро нақуштааст ва ҳангоми оббозӣ писарбача ғарқ шуд ва чун ҳама кушишҳояш барои наҷоти ҷигарбандаш бенатича анҷомид шоми ҳамон рўз Душанберо тарк қард.
Сорбони Ҳомид гуноҳи Морозовро бо он дайн намуд, қи номбурда агар мақсади аз байн бурдани фарзандашро намедошт ҳаргиз ўро ба соҳили Кофарниҳон намебурд. Ҳаргиз ўро чун рубоҳ аз боғча намедуздид, ҳаргиз шаҳрро чун дузд тарқ намеқард…
Морозов чун дид, қи ҳақиқатро рўйпуш кардан намешавад, асли воқеаро байён намуда гуфт, ии аз хотири халос шудан аз додани алимент ба чунин амал ношоиста даст задаст. Баъди ду шабонарўз Морозовро ба Душанбе оварданд ва ҳангоми гузаронидани эксприменти тафтишотӣ ў ҳаракатҳои рўзи 12 июн содиршудаашро такрор кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор