Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

СУҲБАТҲО

ДЕТЕКТИВРО БО
ЧАШМИ КАМ НАБИНЕД1

– Мехостам суҳбатро дар атрофи жанре, ки Шуморо чун адиб ба хонандагон муаррифӣ кард, оғоз намоем.
– Детектив, ки аз оғози хома ба даст гирифтан мавриди таваҷҷуҳи банда гашт, таърихи беш аз 250 сола дорад. Асосгузорони ин жанри аҷиб ва шавқангез адибони Ғарбанд. 50 сол қабл ин жанр аз ҷаҳони сармоя ба СССР воррид шуд. Мардуми китобхон онро хуш пазируфтанд. Вале чунин пазироӣ на мақбули ҳама гашт. Қисме аз адабиётшинсон онро барои хонандаи советӣ бегона ва ғаразнок арзёбӣ карданд. Онҳо назари хешро чунин асоснок мекарданд, ки гўё воқеаҳои криминалӣ ва коррупсионии ҷаҳони сармояро инъикос мекунад, ба насли наврас зиён хоҳад овард. Вале чун китобҳои детективӣ байни мардум маҳбубият пайдо карда буданд, чунин вокунишҳои манфӣ ривоҷ пайдо накарданд.
Новобаста аз сензураи он замон ба аҳли адаб муяссар шуд собит намоянд, ки детектив навъи шавқовари асари бадеист ва он барои тарбияи инсон дар мисоли муносибати инсон ба қонун, ҷиноят ва ҷазо хизмати арзанда карда метавонад.
– Оё гуфтанӣ нестед, ки то омадани адабиёти моҷароии Ғарб адибони мо аз ин жанр бехабар буданд?
– Ҳаргиз чунин нест. Ҳанўз дар даҳсолаи аввали инқилоби Октябр китоби «Қайдҳои муфаттиш»– и Лев Шейнин дастраси хонандагон гашт ва аз корномаҳои милитсияи советӣ хабар медод. Чун баъдтар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, мавзўи асарҳои адибон ба ҳамин сабт равона гардид.
Адибон аз корнамоиҳои ҳамдиёрон асарҳо эҷод карданд.
Китоби Вадим Кожевников «Сипар ва шамшер» аз қабили чунин асарҳои моҷароист, вале ин ҳама талаботи хонандаи онрўзаро қонеъ карда натавонист. Талаботи хонанда ба асарҳои моҷароӣ, ки дар онҳо саҳнаҳои макру ҳила, найранг ва дасиса хеле зиёд аст, боз ҳам бештар гашт ва дар ҳамин айём

  1. Суҳбаторо Атохоҷа Мирзоҷалолов рўзномаи «Ҷумҳурият» 23
    апрели соли 2015. № 83 (22. 645)

буд, ки детективи Ғарб чун борон ба сари хонандаи советӣ, ки ташнаи чунин асарҳо буд, рехт.

пешина
аз 408
навбатӣ