Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ»– гўён вай ҷисми хешро болои кат партофт. Лаҳзаи охири ҳаёти ҷигарбандаш боз пеши назараш омад. – Дада, дадаҷон гуфтани писарбача, ки мунтазири имдоди падар буд, дар гўшаш садо медоду садо.
Он рўз ў ҳамроҳи писарбача ба соҳили Кофарниҳон омад ва либосҳояшро кашида, ҷисми хешро ба дарё зад ва то соҳили дигар дарёро убур кард боз ба назди ҷигарбандаш баргашт ва ўро низ ба иҷрои ин амал ҳидоят намуд. Бечора кўдак аз куҷо медонист, ки падарро чи ҳавое дар сар аст. Дар соҳил писарбача каме оббозӣ намуд ва оҳиста – оҳиста аз қафои падар ба дарунтари дарё шино намуд. Мавҷи калоне ўро ба коми хеш кашид. Ҳарчанд дасту по зада фарёд кард, хок ба сари падараш, ки «нашунид».
Ҳоло чанд шабонарўз ҷойи нишасти худро намеёфт. Ҳодисаи рухдодаро аз сару бар борҳо дари мизони ақл гузошт. Вақте ки Ваня яксола буд, ўро ба курси такмили ихтисос ба Маскав фиристониданд. Дар ҳамин ҷо ў бо Анна ном духтар шинос шуд. Чун у фаҳмид, ки Анна духтари яке аз генералҳои шинохта аст, ҳисси мансабпарастӣ дар замираш ба тугён омада ва муҳаббати аввалро қурбони курсии мансаб намуда, аз зану фарзандаш ҷудо гашта, бо Анна хонадор шуд. Аз издивоҷи навбати ў Антон ном писарбача дорад.
Сараввал ҳама корҳо ба хуб буданд ва баъди тамом намудани курс бо дастгирии падари Анна ўро барои хизмат ба яке аз қисмҳои ҳарбии Округи ҳарбии байрақи сурхдори Москва, ба вазифаи қомандири рота таъин намуданд. Соле пас боз бо дасгири падарарўс вайро ба вазифаи муовини қомандири баталион таъин карданд. Баъди чанде падарарўсаш ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуду бо дунёи ҳастӣ падруд гуфт. То замоне, қи падарарўс зинда буд, Анна ба алимент додани шавҳараш чандон эътиборе намедод. Пас аз марги падар ў гўши ҳамсар кар қарду вайро ба ин разилӣ ҳидоят сохт…

Субҳи содиқ лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид ба кўчаи
Петровқа 38 рафт.

пешина
аз 408
навбатӣ