АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Чаро беҳуда будааст? Ман ҳеҷ гоҳ бе мақсад ба коре даст назадаам ва ҳамаи ҷон канданам ба хотири туву Умедаҷон аст,
– эътироз кард шавҳар.
– Зиндагиамон бад нест, шукр аз дигарон ҳеҷ камие надорем.
– О, занак, ҳамин ҳам зиндагӣ шуд? Худо хоҳаду корҳоям барор гиранд, ана баъд мефаҳмӣ, ки зиндагӣ чист.
Рўзи ҷумъа Аббос аз шаҳр баргашт. Таъбаш болида буд.
Дирўз аз хона набаромад. Гуфт, ки рухсатиашро дар хона мегузаронад. Ниҳоят шаб соатҳои бисту ду аз хона баромада рафт. Ба саволи Заррина, ки дар ин бевақтӣ куҷо равон аст, гуфт, ки имрўз мавлуди Аскар аст. Бало фаромўшхотирӣ шавад, агар наравам намешавад, баҳонаи ёфтаашро пеш овард Аббос.
– Хайр, пагоҳ рафта табрикашон мекунед. Охир, дар ин борон чӣ зарурате ҳаст?
Аббос калимаи боронро шунида аз либосовезаки пешдолон борониашро гирифта пўшид ва гуфт, ки хавотир накашед, зуд бармегардам.
Дили зан ором нашуд ва лаҳзае пас берун баромад. Нохост дид, ки Аббос аспсавор аз паҳлўи хона гузашт.
– Ҳарчанд хонаи Аскар дар дигар тарафи деҳа аст вале он қадар роҳе нест, ки аспсавор равад. Пас, ў куҷо рафта бошад?
Чаро асп бе Аббос баргашт? – Ин суолҳое буданд, ки Заррина ҳеҷ ба онҳо ҷавоб наёфт.
Заррина аз ҷой бархоста аз тиреза ба берун нигарист. Барф шиддат мегирифт. Ба назар менамуд, ки ҳоло моҳи октябр не, балки мобайни зимистон аст. Мардум то ҳанўз ҳосилро пурра нағундоштаанд. Сафедхок, ки деҳаи баландкўҳ аст, мардумаш ба чунин боду ҳаво одат кардаанд ва Заррина низ аз барф ҳаросе надошт. Дили занро бе Аббос омадани асп мушавваш сохт. Назди тиреза истода ба берун менигарист, чашмашро аз дарвоза, ки чароғаки электрикӣ онро равшан мекард, намеканд.
Нохост Умеда дод гуфта аз ҷой хест. Заррина аз ин садои ногаҳонӣ як қад парида аз ҷояш чи тавр ба назди бистар омаданашро нафаҳмид ва духтарчаашро ба оғўш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор