АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар масофаи даҳҳо фарсах дур аз Сафедхок марде дохили автмашинаи «ГАЗ – 24» низ шаҳди интизориро мечашид. Агар Заррина дар ин деҳаи пурбарф дар интизори шавҳар бошад, ронандаи мошин таппонча дар бар интизори қотили Аббос буд. Ў кию чӣ будани қотилро нағз медонист, аз ин рў аз ҷойи таъиншуда каме дуртар мошинро нигоҳ дошта, интизори сайд буд...
– Рафту амалиёташон барор нагирифта бошад чӣ? Не, Худо нигаҳ дорад, – аз дил гузаронид ў.
Албатта, дар Сафедхок барф боридагист, агар дар Душанбе абрҳо пайдо шаванд, ҳатман дар кўҳистон барф меборад ва акнун, ки дар ин минтақаи ҷануб чунин борон меборад, бегумон дар кўҳистон, аз ҷумла дар Сафедхок низ барф борида истодааст.
«Баъди чунин амалиёт аз Маҳмуд халос шудан лозим. Ўро бо ҳамин таппончаи худаш аз қафои Аббос ба ҷаҳаннам фиристондан лозим. Хайрият пеш аз ба Сафедхок рафтанаш таппончаашро гирифтам, вагарна шояд пули зиёдро дида ягон фикри бад ба сараш меомад» – ба худ меандешид ронандаи «Газ–24».
Маҳмуд ва Муҳаммад баринҳо манқуртони ҳозиразамонанд, онҳо ҳеҷ гоҳ ақли солим надоштанд. Албатта, Аббосро ҳам баъди куштанаш пояшро ба узангу сахт карда сар додагист. Пагоҳ мардум ҷисми беҷони Аббосро ёфта гумон мекунанд, ки порикоб шудааст ва ўро бе ягон кашу баркаш дафн мекунанд. Аз ҳодисаи ғорат кардани шўъбаи алоқа танҳо рўзи душанбе хабардор мешаванд. Акнун дар ихтиёри ман зиёда аз як шабонарўз вақт ҳаст ва агар амалиёт ба хубӣ анҷом ёфта бошад, ҳамин лаҳзаҳо бояд Маҳмуд пайдо шавад.
Аз дур рўшноие ба назар намуд. Ронанда тапончаро бори дигар аз назар гузаронида, онро дар ҳолати омодагӣ қарор дод.
Ниҳоят мошине омада дар таги дарахти тут қарор гирифт.
Ронанда аз «Жигули» фаромада, бордони онро бардошт. «ГАЗ
– 24» ба тарафи «Жигули» ҳаракат кард.
– Ниҳоят пазмон кардед, Маҳмудҷон.
– Кори хона ба бозор рост намеояд, шеф.
– Хайр корҳо чӣ тавр?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор