АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Аббос ҳам якҷоя бо сумка ба замин афтод.
Маҳмуд аспро ба буттае баст ва сумкаро аз замин бардошта сўи мошин рафт ва моторро ба кор дароварда, боз ба назди Аббос баргашт ва чун боварӣ ҳосил кард, ки ў ҷон додааст, ҷисми беҷонашро ба асп бор карда, як пояшро дар узангу дароварда аспро сар дод. Лаҳзае пас ба мошин нишаста ба соати дасташ нигарист. Ў дар ихтиёр панҷ соат вақт дошт, ки то ба шаҳр расиданаш басанда буд. Барф торафт шиддат мегирифт. Баъди ним соат мошин ба роҳи калон баромад ва сўи шаҳр тоб хўрд...
Дар муддати панҷ соли зиндагии якҷоя бо Аббос Заррина фақат як чизро фаҳмид. Ин ҳам бошад молу пулпарастии Аббос буд. Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ў тайёр буд, ки ҳамаро фурўшад. Ва ҳоло дар ин нисфи шаб, баъд аз бозгашти аспи бе савора Зарринаро ҳамин фикр азоб медод.
– Оча!
Заррина худро ба хоб андохта ҷавобе надод, вале Умеда боз суханашро такрор кард.
– Чӣ, ҷони ширин?
– Дадои ман дигар намеояд.
– Меояд, ин хел нагўй!
– Не, намеояд!
– Аз даҳонат шамол барад, ин хел гапҳоро нагўй бачам, Худо дадоятро нигаҳдор бошад.
– Агар наояд ман киро дадо мегирам?
...
Дар чашмони модар ашк ҳалқа зад, вале Умеда инро надид, чунки Заррина кўрпаро ба болои духтарчааш пўшонд ва бо овози гирифта илтимос кард, ки хоб равад.
Суханони Умеда чун тире ба синаи модар халиданд.
Махсус ҳамин суханон воқеаҳои як ҳафтаи охирро ба ёди Заррина овард.
Рўзи шанбеи гузашта ў аз шаҳр омад ва рўзи чоршанбе азми Душанбе намуд.
– Охир беҳуда ҳар рўз ба шаҳр рафтан чӣ ҳунар аст?– пурсид зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор