Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Котиба дарро кушода буд, ки директор як чой биёред гуфт.
Ҷобиров мақсади ташрифашро мухтасар баён намуд. Чӣ хеле дар урфият мегўянд: ба доно ишорату ба нодон калтак.
Директори завод аз лаҳзаи аввали суханронии генерал мақсадашро фаҳмид, ки пурсид:
– Чӣ магар дар хориҷа ягон кас ва ё ягон идорае нисбат ба заводи мо «ҳусни таваҷҷуҳ» зоҳир намудааст.
– Агар чунин намебуд, ман имрўз ба ин ҷо намеомадам.
– Тайёр намудани ҳама гуна маълумоти бардурўғ ин ба гуфтан осон, кори ниҳоят заҳматталабест ва ҳар он ки чунин маълумотро интизор аст, бояд ба ҳаққонӣ будани он шубҳа накунад.
– Мефаҳмам рафиқ Додарҷонов, ман ба наздатон маҳз барои ҳамин гуна маълумот омадаам.
Котиба рухсат пурсида чойники чойро, болои мизи директор гузошту пас гашт ва то аз дар баромадани вай ҳарду лаҳзае хомўш шуданд.
Додарҷонов дар пиёлае чой рехта, ба дасти генерал дод ва боз лаҷоми суханро ба даст гирифт.
– Барои тайёр намудани чунин маълумот ёрии бевоситаи гуруҳи калони инжинеру техникҳо зарур аст, вале намедонам Шумо дар ин масъала моро дастгирӣ мекунед ё не?
– Дастгирӣ лозим бошад, мекунем, вале ҳарчанд аз чунин амалиётҳо гурўҳи хурдтари одамон огоҳ бошанд беҳтар аст.
– Ин тавр бошад, бо рухсати Шумо ману саринжинер аз пайи иҷрои супоришатон мешавем.
– Саринжинератон кист? – худро ба нодонӣ зада, пурсид Ҷобиров.
– Адҳам Акрамов, марди хубест, бо ў ҳамеша ба разведка рафтан мумкин.
– Ин тавр бошад, ман розӣ.
Додарҷонов ба воситаи телефон Акрамовро ба наздаш хонд...
Лаҳзае пас Акрамов вориди утоқи директор шуд ва Додарҷонов саринжинер ва генералро ба ҳамдигар муаррифӣ кард ва мақсади ташрифи раиси КБД – ро бо ду сухан баён намуд. Ҳарчанд Акрамов аз ин масъала пурра огоҳӣ дошт, вале сир бой надод ва ба суханони директору генерал гўш дода, баъзан барои тасдиқи фикрашон сар ҷунбонда, ҳа, – мегуфт.

пешина
аз 408
навбатӣ