Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар се дар масъалаи чи тавр маълумот тайёр намудан фикру андеша баён намуданд ва дар охир раиси КБД ин масъаларо бо чунин суханон ҷамбаст кард:
– Агар рафту маълумоти тайёркардаи шумо дар вақташ ба дасти «талабгорон» расанд, (ман шахсан ба ин боварӣ дорам) дар он вақт мо бо як тир ду нишон мезанем: якум ба онҳое, ки ба заводи шумо «ҳусни таваҷҷўҳ зоҳир намуданд», ё чӣ хеле мегўянд, «чашм аъло кардаанд» маълумоти бардурўғ медиҳем, дуюм бо ин восита тамоми ҳалқаи ҷосусиро ки ба мамлакати мо сар даровардаанд муайян намуда, дар як вақт онҳоро бо далелҳои раднашаванда дастгир мекунем. Охир, ҷосус ин ба заҳрпечак монанд аст ва заҳрпечак реша надорад, бино бар ин канда партофтани ҳама гуна заҳрпечак аз манфиат холи нест.
Аз имрўз эътиборан, рафиқ Додарҷонов, тамоми тарафҳои ин масъаларо ба зимаи саринжинер вогузоред. Ҳамаи супоришҳоро ман аз рафиқ Акрамов талаб мекунам ва Шумо низ ҳама гуна дархости ўро оид ба ин масъала бечуну чаро иҷро намоед...
Ҷобиров хайрухўш намуда, аз директор ва саринжинер хоҳиш кард, ки ўро гусел накунанд...

... 32 …

Баъди нисфирўзӣ, вақте ки Ҷобиров ба заводи Н. рафт, капитан Абдумаҷидов аз Сиддиқӣ рухсат пурсида ба прокуратура омад. Сафарзода ўро дида, ба рафти кор таваҷҷуҳ зоҳир кард.
– Кофта гаштем, – кутоҳ посух дод Акбаршоҳ.
– Пас, натиҷааш ку?
– Ба наздикӣ ҳамааш равшан мешавад.
– Яъне, гуфтаниед, ки «Бузак, бузак намур, баҳор мешавад», ҳа?
– Не, ман ҳаргиз ба ин маъно нагуфтам, Сабоҳат Абдуллоевна.
– Ман ба шеф ваъда додам, ки парвандаи ҷиноятиро дар мўҳлаташ мекушоем.

пешина
аз 408
навбатӣ