АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Қабул карданд?
– Онҳо доллар пешниҳод карданд, вале ман розӣ нашудам.
Сипас, шахси ба вохўрӣ омада гуфт, ки дар ин бора ў бояд бо роҳбарияташ гуфтугў намояд ва ваъда дод, ки қисми аввали суратҳоро баъди дида баромадан метавонад аз рўйи курси фунт стерлинг бо пули худамон ҳисобӣ намояд.
– Вохўрии навбатиатон кай бояд баргузор гардад?
– Баробари расм гирифтани ҳуҷҷатҳо ман бояд, ана, бо ин телефон (ў порчаи қоғазе, ки дар он рақами телефон навишта шуда буд, болои миз гузошт) занг зада, чунин хабар диҳам:
«Холаатон илтимос кард, ки овардани доруро фаромўш накунед» ва агар гўяд ки «Ман вақт надорам, худатон ягон илоҷ карда ба ў дору бурда диҳед» ин маънои онро дорад, ки шумо ба ҳамон хонаи дишаб рафтаамон равед ва ба шахсе ки он ҷост чун ман бовараш намуда, ҳуҷҷатҳоро ба дасташ дода, пулатонро бигиред. Ва ё агар гўяд ки «Доруҳоро аллакай дастрас намудам ва онҳоро бегоҳ меорам» ин маънои онро дорад, ки баъди ду соат худам шуморо дар ҳамон хона интизор мешавам.
– Вохўрии таъҷилӣ чӣ тавр бояд баргузор гардад?
– Дар дохили ҳамин соат асбобе ҳаст, ки агар онро гирифта чаппа гузорем ба ҷойи телефон хизмат хоҳад кард, вале ин дар ҳолатҳои истисно, худатон бояд фаҳмед.
Сиддиқӣ ва Акбаршоҳ ҳамаи суҳбатро ба лентаи овоз сабт намуданд ва гуфтанд, ки дар давоми ду рўз барои расм гирифтан ҳуҷҷатҳоеро, ки характери дезинформасионӣ доранд, барои Акрамов дастрас хоҳанд кард.
Ҷобиров пешниҳодро пазируфт ва акунун ин масъаларо бояд дар сатҳи роҳбарияти завод муҳокима мекарданд, чунки ҳар хабари бардурўғ низ бояд заррае ҳақиқат дошта бошад, вагарна касе ба он бовар нахоҳад кард… Аз ин хотир, худи Ҷобиров баъди нисфирўзӣ ба завод омад, ҳарчанд ў метавонист директорро ба идорааш ҷеғ зада дар ин бора суҳбат намояд, вале генерал роҳи осонтари корро ҷўст.
Ҳарчанд генерал дар либоси ғайри низомӣ буд, директори завод Мунаввар Додарҷонов ўро дида аз ҷой бархесту ба истиқболаш омада хўш омадед, рафиқ генерал гуфт. Чун Ҷобиров ба курсии мулоими нишондодаи Додарҷонов нишаст, директор тугмаи зангро пахш кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо