АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ба воситаи нақлиёт ба ҷойи вохўрӣ овардани қувваҳои иловагӣ барои назорат маъние надошт, чунки резидент метавонист ягон ҳаракати беҷоро пай барад.
– Марказ гузориши дидбонгоҳи дуюмро оид ба тағйир ёфтани самти ҳаракати Акрамов ба қайд гирифта, баъди лаҳзае ба алоқа баромад.
– Дуюм, ман Марказ, ба алоқа бароед!
– Марказ, дуюм дар алоқа. Қабул.
– Дуюм, аз рўйи вазъияти ба амал омада тамоми чораҳоро бинед, то объекти аз мадди назар дур нашавад. Қабул.
– Марказ, ман дуюм Шуморо фаҳмидам. То алоқа.
– Дидбонгоҳи дуюм барқвор ба тарафи дигари роҳ гузашт.
Моҳтоб аллакай фурў нишаста буд. Торикӣ танҳо ба манфиати онҳоест, ки бо нияти нопок ба сайри шабона мебароянд.
Дунболгирон ҷойи дурусттареро интихоб карда, бо асбоби назоратӣ шабона гирду атрофро аз назар гузарониданд. Дар байни иморатҳои бисёрошёна ягон суробе ба назар наменамуд.
Дунболгирон боз ба пеш ҳаракат карданд, вале бе натиҷа.
– Марказ, ман дуюм, ба алоқа бароед!
– Дуюм, ман Марказ, шуморо гўш мекунам.
– Марказ дар мураббаъи… хонаҳои бисёрошёна зиёданд, «Сайд» аз назар ғоиб шуд, бино бар ин супориши минбаъдаи шуморо интизорам. Қабул.
– Дуюм, назоратро давом диҳед! Гирду атрофи мураббаъи мазкур пурра ба зери назорат гирифта шудааст. Барои хурдтар намудани доираи назорат боз ду гурўҳи иловагӣ мефиристем.
Қабул.
– Марказ, шуморо фаҳмидам. То алоқа.
Аз байн ду соат гузашт. Ситораҳо торафт ҷилояшонро гум мекарданд, вале ҳанўз ҳам назоратчиён ба «Асбоби назорати шабона» эҳтиёҷ доштанд.
– Рафиқ лейтенант, ана бинед, аз даромадгоҳи мобайни хонаи рў ба рў як кас баромад.
– Дар куҷост? – пурсид лейтенант Вафоев.
– Ана нигоҳ кунед!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо