АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Вафоев асбобро ба даст гирифта, ба он самте, ки сержант нишон дод, нигарист.
– О, ин Акрамов– ку!– гуфт Вафоев.
– Марказ, ман чорум, ба алоқа бароед. Қабул.
– Чорум, ман Марказ, шуморо гўш мекунам. Қабул.
– Марказ, объекти якум аз бино баромад, супориши минбаъдаи шуморо интизорем. Қабул.
– Диққат! Ман – Марказ! Ба ҳама! Назоратро аз объекти якум бардоред, хонаеро ки аз он объекти якум баромадааст, пурра ба зери назорат гиред, Қабул.
– Дидбонгоҳҳо хабар доданд, ки супоришро фаҳмиданд.
Баъди бист дақиқа аз ҳамон бино шахси дигар баромаду бодиққат гирду атрофро аз назар гузаронид ва ба тарафи роҳи калон ҳаракат кард.
– Марказ аз дидбонгоҳҳо доир ба самти ҳаракати «сайд»
маълумот гирифта, ду автомашинаи таксиро, ки ронандагонаш коркунони КБД буданд, равон кард. Азбаски субҳ медамид ва аллакай баъзе намудҳои нақлиёт ба рафтуо даромада буданд, ҳаракати таксӣ як кори муқаррарӣ ҳисоб мешуд. «Сайд»
нақлиёти якумро сар дода, барои нигоҳ доштани дуюмаш даст бардошт. Таксӣ аз ў каме гузашта истод кард. «Сайд» ба таксӣ нишаста, суроғаашро гуфт…
Вақте ки ҳисобкунак ду сўму шасту ҳашт тин кор кард, мусофир хоҳиши нигоҳ доштани таксӣ намуд ва се сўмаеро ба дасти ронанда дода, «бақия даркор нест» – гўён фаромад ва ба тарафи дигари роҳ гузашт. Ронанда самти ҳаракаташро давом дода, баъди як километр ба қафо баргашт ва дид, ки мусофир низ ба қафо меояд. Ў бо мухобира ба автомашинаи дуюм, ки дар чорроҳа интизори супориш буд, хабар дод. Таксии дуюм, ки аллакай назоратчиёнро аз дидбонгоҳи шашум гирифта буд, ҳамчун мусофир ҳар кадоми онҳоро дар масофаи дусад метр дуртар аз ҳамдигар фаровард. Мусофирон дар муддати кўтоҳ ҷойи зисти «сайд»– ро муайян намуданд. Худи ҳамон рўз ҷойи кори «сайд» низ ошкор шуд.
Амалиёти «Сел» маҷрои муайян гирифт. Худи ҳамон рўз «корафтодае» аз КБД автомашинаашро ба таъмиргоҳ бурд ва доир ба кори устоҳо пурсон шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо