Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ гуфтед?
– Чизе, ки шунидед! Акнун равед, вақт надорам, ки бо шумо хола– хола карда нишинам.
– Аз адвокат будан шарм намедорам, чунки чандин сол аз пайи ин касб нон хўрдаам ва акнун аз он дар шигифтам, ки ҳамроҳи шумо то ҳол дар як идора тоқат кардаам, – гўён Сафарзода дарро сахт пўшида баромад.
– О, занаки шаттоҳе! – аз ғазаб як мушт ба болои миз куфт Сулаймонӣ ва бо ду даст сарашро сахт фишурда, навиштани пешниҳодро аз болои Амириён ва Абдумаҷидов фаромўш кард…
... 30 …

Расо баъди як ҳафта баъди гузаштани посе аз шаб садои занги телефон Акрамовро аз хоб бедор кард.
– Гўш мекунам.
– Вохўрдан лозим.
– Дар ҳамин бевақтӣ?
– Кор ҳамин хел.
– Дар берун шуморо интизор мешавам, аз хона, ки баромадед, тарафи шарқ рафтан гиред, – гуфт овоз ва гўшакро монд.
Акрамов аз ҷой бархоста, ба хонаи шафат гузаштанӣ шуд, то ки ҳамсар ва писарчааш Фирўзро бедор накунад.
Муқаддас аз ҷояш хест ва хост чароғро даргиронад.
– Лозим нест, – гуфт шавҳар , – рафта хоб кун, ҷонакам.
– Ин ба гуфтан осон.
– Акрамов либосҳояшро пўшида, аз хона берун шуд ва мувофиқи супориш ба тарафи шарқ ҳаракат кард…
– Телефони Акрамов, ки дар зери назорат буд, гуфтугўйи шахси бегонаро ба қайд гирифт ва ба дидбонгоҳҳо хабар доданд. Аз дидбонгоҳи рў ба рўйи хонаи Акрамов ба воситаи дастгоҳи махсус ҳар қадами вайро ба зери назорат гирифта, самти ҳаракаташро ба марказ хабар доданд.
– Объектро қабул кардам, – гуфт дидбонгоҳи дуюм.
– Акрамов дар роҳи калон ҳаракат дошт ва ин рафти назоратро осонтар кард. Нохост аз паҳлўи иморат касе ўро ҷеғ зад ва Акрамов самти ҳаракаташро дигар карда, ба тарафи рост тоб хурд.

пешина
аз 408
навбатӣ