Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хуб шудааст рафиқ генерал, мо Шуморо интизорем, – гўён гўшакро ба ҷояш гузошта, ба тарафи Акбаршоҳ нигариста гуфт:
– Оҳ, ин генералҳоро фаҳмида намешавад, зиёфатро низ ба гарданамон бор кард.
Ў тугмачаи зангро зер кард, Венера дарро кушода дар пеши дар рост мунтазири фармон истод.
– Як чой монед, ҳозир меҳмон меояд, гуфт сардор.
– Хуб шудааст, – гўён Венера баромада рафт.
– Рафиқ полковник, хоҳише дорам, – гуфт Акбаршоҳ.
– Хўш, марҳамат.
– Аз генерал барои дар амалиёт иштирок кардани Сафарзода рухсат бигиред, охир амалёти дирўза низ маҳсули зиракию кордонии Сабоҳат Абдуллоевна буд, бигузор бо чашми худ бинад, ки чӣ хел қотили падараш ба даст меафтад.
– Майлат, рухсат мепурсам...
Баъди як соат генерал ҳамроҳи полковник Сиддиқӣ даромада омаданд. Амириён генералро ба рафти воқеаҳои дирўза огоҳ сохта, саҳми бевоситаи муфаттиш Сафарзодаро дар ин амалёт қайд намуда, хоҳиш кард, ки барои дар амалётҳои дастгиркунӣ иштирок намудани ў генерал рухсат диҳед.
– Ба сари ин масъала баъдтар бармегардем, – гуфт генерал, ҳоло бошад бо худи Акрамов суҳбат карданамон лозим ва танҳо баъди он нақшаи амалётҳои минбаъдаро мекашем.
– Албатта, яку якбора бо Акрамов вохўрдани мо ғайриимкон аст ва ман таклиф мекунам, ки мувофиқи ваъдаи пешакӣ, соати даҳ, дар ҷойи кораш Абдумаҷидов вохўрад, канӣ бинем, ки худи Акрамов чӣ кас аст, бигузор Акбаршоҳ рафти суҳбатро ба диктофон, ки дар қисааш гузошта мешавад, навишта бигиранд. Агар Акрамов дар ҳақиқат ба мо ҳамкорӣ карданӣ бошад чӣ хубе, набошад роҳҳои дигареро ҷустуҷў мекунем, – гуфт Амириён.
– Фикри Шумо чӣ хел рафиқ Сиддиқӣ, – пурсид генерал.
– Ба фикри полковник Амириён розӣ нашудан ғайри имкон аст.
– Хайр, бигузор чунин бошад, – Ҷобиров.

пешина
аз 408
навбатӣ