АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Уқоб аз чӣ бошад, ки фиристодани мактубро маъқуф гузошт ва субҳи дигар ба таъмиргоҳ омад. Котибаи сардор дар дарвоза ўро дида, аз аҳволи саломатии холааш пурсон шуд.
– Ҳа, каме аҳволаш беҳтар шуд Ленаҷон, – гуфт ў ва ба тарафи устохона рафт...
... 27 …
Амириён баробари ба идора омадан Абдумаҷидовро пурсид ва чун фаҳмид, ки то ҳозир наомадааст ронандаашро, ки дар берун буд ҷеғ зада ба хонаи Абдумаҷидов фиристод.
Ронанда баъди бист дақиқа Акбаршоҳро ба идора овард, вале барои Амириён ин интизорӣ ниҳоят тулонӣ намуд. Ў низ имшаб мижа таҳ накард. Ҳамаи фикру хаёлаш ба он писарбачаи шашсола, ки калонсолон барои бозиҳои нопоки худ ўро ба гарав гирифта буданд, банд буд.
Акбаршоҳ рухсат пурсида ворид шуд. Амирён ҳатто маҷоли пурсиш надошт ва капитан инро аз нигоҳи сардор пай бурд, магар ки табассуме карда корҳо ҳамааш аъло гуфт. Аз шунидани ин сухан ба рагу пайванди сардор як қувваи тозае зам шуд ва ҳам хастагию ошуфтаҳолиашро дар як замон фаромўш кард магар, ки дасти капитанро самимона фишурда, оҳиста ташаккур гуфт.
Акбаршоҳ оид ба ҳамаи воқеъаҳои душаба ба сардор маълумот дода, қайд намуд, ки соати даҳ бояд дар завод бо Акрамов вохўранд.
– Акнун ба фикрам вақти гузаронидани амалиёти якҷоя фаро расидааст, – гуфт Амириён.
– Ташаккур, ки Шумо дишаб маро дастгирӣ намудеду ба писарбача осебе нарасид, акнун ихтиёр шуморост...
– Амириён гўшаки телефонро бардошта ба Ҷобиров занг зад.
– Ҷобиров гўш мекунад.
– Рафиқ генерал ин ҷо мо барои Шумо як «тўҳфачае» ҳамроҳи Абдумаҷидов тайёр намудаем, – пас аз ҳолпурсӣ, – гуфт Амириён ва илова намуд. – Чӣ мефармоед, онро ба идораатон биёрам ё худатон омада мегиред?
– Беҳтараш худам ҳамроҳи Сиддиқӣ омада «тўҳфача»– ро мегирем ва ба илова зиёфататонро ҳам мехўрем...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо