Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Онҳо ба Акбаршоҳ баъзе дастурҳо дода гуфтанд, ки ба Акрамов танҳо суҳбати умумӣ намояд ва барои ба ягон ҷо муроҷиат кардан ягон хел дастур надиҳад, то фаҳманд, ки Акрамов чӣ кас аст. Рафти суҳбатро ноайён ба диктафон сабт намояд.
– То вохўрӣ ҳамагӣ бист дақиқа вақт мондааст, – гуфт Амириён, беҳтараш дар автомашинаи хизматии ман нишаста равед ва каме аз завод дуртар фаромада, ронандаро ҷавоб диҳед.
Абдумаҷидов рухсат пурсида баромада рафт.
– Дар иштироки капитан ягон сухан гуфта натавонистам, – гуфт Ҷобиров. Наход, ки чунин амалётро ба зери назорат нагиред. Рафту ҳодисае рух медод, пас кӣ ҷавоби инро медод?
Аз милиса рафтан он тараф истад ба суд медоданд Шуморо.
– Мефаҳмам, рафиқ генерал, ба ҳамааш худи ман гунаҳкор, агар рафту амалёт ҳам шикаст хўрад танҳо ман гунаҳкорам, – гуфт Амириён.
– Дар масъалаи Сафарзода. Албатта, амалиётҳои дастгиркунӣ ҳамеша хавфноканд ва махсус боз чунин амале, ки дар он хоину қотил мавриди дастгиршавианд ва ҳаёти занро ба хатар мондан аз рўйи инсоф нест. Сафарзода ҳамчун муфаттиш бояд сарвари ҳама гуна амалёт бошад, вале дар чунин ҳолати вазнин ба фикрам иштироки зан хавф аст. Аз ҳодисаи дирўза бармеояд, ки кадоме аз мамлакатҳои ғарб ва ё мамлакатҳои он тарафи Уқёнус ба заводи Н. «ҳусни таваҷҷуҳ» зоҳир намуданд ва акунун моро лозим аст, ки назоратро дар заводи мазкур дурусттар ба роҳ монем. Рафту агар Акрамов ба ҳамаи ҳодисаи рухдода софдилона иқрор шавад, ман шахсан дар ин бора шаку шубҳае надорам, мо бо ёрии ў ба муридони зархариди ғарб то вақти пурра муайян кардани ҳайати гурўҳи ҷосусӣ дезинформация* хоҳем дод, – гуфт Ҷобиров.
– Рафиқ генерал, охир ҳаррўза моро барои накушодани ин парвардаи ҷиноятӣ аз ду тараф, якум аз Вазорат, дуюм аз Прокуратураи генералӣ чун путк ба сарамон мезананд, – пас мо чӣ кор кунем? – пурсид Амириён.

  • Дезинформация – хабари бардуруғ.
пешина
аз 408
навбатӣ