АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Бо кадом роҳе набошад, бояд кўшиш ба харҷ диҳем, то ягон нафар аз кормандони баландрутбаи заводи мазкурро ба тарафи худамон ҷалб кунем.
– Албатта, барои ин кор маблағи калон лозим аст.
– Чӣ илоҷ, бе хароҷот ҳам намешавад, вале баробари гирифтани аввалин маълумот ҳамаи хароҷоти дар ҳисобот нишондодаи моро ставка аз эътибор соқит мекунад, – гуфт резидент.
– Яроқатон ҳаст?
– Не, – дурўғ гуфт мўйсафед.
– Ҳаминаш беҳтар, мо нияти ба касе ҳуҷум кардан надорем.
– Рафту зарурати худмуҳофизаткунӣ пеш ояд?
– Бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки амал ҳеҷ гоҳ чунин ранг нагирад ва агар кор то дараҷаи худмуҳофизаткунии яроқнок расид, амалиёти мо хоҳ қисман ва ё пурра шикаст мехўрад ва чунин рафтори моро дар боло, – ў бо нарангушташ ба тарафи боми хона ишора кард, – намебахшанд. Ва дониста бош, мўйсафед, ки ягон нағмаи зиёдатӣ нашавад, вагарна…, – таъкид кард резидент ва аз ҷой бархест…
Вақте шеф аз дар берун шуд, мўйсафед ба назди тиреза рафта, ба берун чашм дўхт. Ў дар рўшноии чароғи барқӣ Уқобро дид, ки ба тарафи дигари кўча гузашт ва баъди лаҳзае байни биноҳои бисёртабақаи муқобил аз назар ғоиб шуд…
Ў аз ҷой хеста, чароғро хомўш кард ва оҳиста дарро пўшиду берун баромад. Ҳоҷати бо калид маҳкам кардани дар набуд, чунки баробари онро пўшидан қулфи англисӣ дарҳол дарро маҳкам мекард. Азбаски дар чунин бевақтӣ ёфтани мусофиркаш осон набуд, маҷбур шуд, ки то истгоҳи наздиктарин пиёда қадам занад.
«Ин «Уқоб» ҳам падарлаънат будааст! Гўё то номи «Ставка»– ро ба забон нагирад, кораш пеш намерафтааст. Дар пеши даҳон кутал не, ҳарчи хост, лақидан гирифт. Зинда бошем мебинем, ки ту ба чӣ қодирӣ. Ман барин чордаҳ сол дар ин сарзамин истиқомат кун, баъд мефаҳмӣ, ки бе яроқ гаштан чӣ хел аст. Агар дар бари ман Валтер намешуд, сенздаҳ сол пеш ҷоям Лифертово* буд. Охир, Абдуллои Сафар манро дида, ба *Лифертово – ҳабсхонаи КБД дар шаҳри Маскав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо