Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рўям туф карду хойин гуфт. Хост аз гиребонам дошта ба милиса барад. Чӣ, ман бо ў баҳсу мунозира карда, мешиштам ё ўро ба гуфтушунид даъват мекардам? Валтери худам, ки буд гирифтаму паррондам…
Худи ҳамон шаб ба Пряну*, ки қароргоҳи Резидент буд, рафта ҳисобот додам, ки дар Рига чанд бор Соя**– ро аз қафоям мушоҳида кардам. Азбаски ту барин харигарӣ надошт, ба манфиати шикаст нахурдани амалёт бе рухсати Ставка маро ба Новосибирск фиристод ва фаҳмонд, ки дар куҷо ва бо кӣ мулоқот кунам. Баъди як моҳ аз Резидент мактуб гирифтам, ки Ставка барои иқомати доимии ман дар ҳамин шаҳр иҷозат гирифтааст. Ба ман ҳатто шиносномаи нав ва саргузашти соҳиби онро доданд. Ва гуфтанд, ки то супоришҳои минбаъда метавонам ба корҳои хоҷагии халқ машғул шавам. Ҳамин тавр, дар интизори фармони нав сенздаҳ соли расо ман он ҷо зиндагӣ кардам ва қариб буд, ки ҷосус буданамро фаромўш созам.
Албатта, метавонистам ҷойи зистамро иваз кунам. Вале медонистам, ки дасти Ставка чун дасти мафия дароз аст ва метавонад, ки сирри маро фош созад. Аз ин рў ба куҷое нарафтам, дар хоҷагии халқ софдилона кор кардам ва ба нафақа ҳам баромадам. Душворӣ дар он буд, ки як дақиқаи зиндагӣ бе тарсу ҳарос нагузашт. Ҳама вақт аз он метарсидам, ки нохост касе маро шиносад. Хушбахтона, ин тавр нашуд.
Тамоми ин муддат «Валтер»– и ман дар қабристон пинҳон буд ва ба гумони касе кофта ёфтани он аз қабри куҳна нарасид.
Оқибат ду моҳ пеш шахсе ба назди ман омада паролро гуфта, инструксияи Ставкаро дода, илова кард, ки алоқачӣ ва радсияро дар кадом адрес пайдо карда метавонам. Он шаб маро тамоман хоб набурд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар дами пирӣ аз нав ба ин касби нопок даст мезанам. Он шаб ҳазорон бор ба тақдири худ ва ба садрнишинони Ставка лаънат хондам.
Хостам худкушӣ кунам, вале натавонистам ва оқибат ба тақдир тан дода, аз рўйи дастур ба Ватан ҳамчун ҷосус баъди чил сол қадам ниҳодам. Албатта, Валтерро ҳам фаромўш накардам ва худи ҳамон рўзе, ки Латифи Мардонро вохўрдам, ман онро бо худ гирифта, ба қабристон барои пинҳон кардан мебурдам…

  • Пярну – шаҳр дар Эстония.
    ** Соя – корманди контрразветка.
пешина
аз 408
навбатӣ