АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 19 …
Мўйсафед ба хонаи конспиративӣ омадани резидентро интизорӣ мекашид. Посе аз шаб гузашта буд, ки касе ба дар ангушт зад. Мўйсафед назди дар омада, оҳиста пурсид:
– Кист?
Шахси номаълум бори дигар бо ангушташ панҷ аломати алфавити Морзеро, ки аслан аз панҷ нуқта иборат буда, аломати панҷро ифода мекард, ба дар зад. Дар зери ин аломат кӣ буданашро медонист магар, ки мўйсафед дарро кушод.
Шахси беруни дар бе ягон салому калом ва пурсиш ба хона даромад.
– Дер мондед, сэр.
– Ин калимаро фаромўш кунед, рафиқ гўед, набошад ягон рўз бо чунин шўхиҳоятон саратонро мехўред.
– Охир, дар ин ҷо ғайри мо касе нест, – худро сафед карданӣ шуд мўйсафед.
– Фаромўш накун, ки девор мўш ва мўш гўш дорад.
Эҳтимол хабаркашҳои КБД ҳам кам набудагистанд.
Резидент аз анҷоми амалиёти шаби 30 август мамнун буд.
– Ба фикрам, КБД пурра боварӣ ҳосил кард, ки алоқачӣ танҳо будааст, вале ба ҳар ҳол ҳушёриро аз даст додан лозим не, – суханашро давом дода гуфт резидент.
– То шахсияти мақтулро муайян мекунанд, хело вақт мегузарад.
– Исто, ки алоқачӣ аз куҷо буд? – пурсид резидент.
– Ба фикрам, аз Уфа
– Оё ягон кас ҳамроҳи шумо ўро дида буд?
– Мо ҳам аноӣ не, шеф. Сарамонро дар ҳамин корҳо сафед кардаем, – худситоӣ кард мўйсафед.
Ҳарчанд резидент худситоиро намеписандид, вале барои баланд бардоштани рўҳияи мўйсафед ба ў аҳсант гуфт.
Ставка аз шумо умедҳои калон дорад, мўйсафед, – ниҳоят ба сари мақсад омад резидент ва суханашро давом дод:– Мақсади ташрифи мо ба ин сарзамин ба даст овардани маълумоти ҳарбӣ ва стратегии заводи Н. аст. Албатта, дар чунин завод ба кор даромадани худамон ғайри имкон мебошад.
– Пас, чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо