Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Яке аз сабабҳои шикастхўрии Гитлер он буд, ки разведкаи Армия кўрпаро ба тарафи худ ва Гестапо* бошад, онро ба тарафи худ мекашид ва Шелленберг** байни ин ду аждаҳои нобино чи кор карданашро намедонист. Ҳар кӣ мехост, луқмаи хирсонаи калонтареро соҳиб шавад ва ин иштиҳои нобаҳангом оқибат ба бенизомию бесарусомонӣ овард ва сабабгори шикасти Армияи гитлерӣ шуд», – гуфт Амириён.
– Донистани таърих танҳо ба манфиати кор аст, полковник.
– Мефаҳмам, рафиқ генерал.
– Агар фаҳмида бошед, пас гўйед, ки оё нишонае аз Сангов Теша пайдо кардаед?
Амириён мақсади генерал Ҷобировро акнун ба пуррагӣ фаҳмид, вале чи гуфтанашро надониста хомўш монд.
– Чаро гап намезанед?
– Не, то ҳанўз аз Сангов Теша нишонае надорем, вале…
– Суханро дуздидан нағз не, рафиқ полковник.
– Ин ҷо як парвандаи ҷиноӣ доир ба куштор ҳаст ва ба ақидаи ваколатдори кофтукови ҷиноятии шўъбаи мо қотил бояд ҳамон Сангов бошад.
– Кист он ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ?
– Капитани милиса Акбаршоҳ Абдумаҷидов.
– Ба фикри ман ақидаи капитан Абдумаҷидов дуруст аст ва биёед бо ёрии якдигар дар ҷустуҷўйи ин хоини Ватан шавем,
– гуфт генерал ва ба суханаш хотима гузошт.
Амириён боз гўшаки телефони дохилиро бардошта, Абдумаҷидовро пурсид.
– Ў дар қабулгоҳ интизори даромадан аст, – хабар дод навбатдор.
– Дарояд!
Акбаршоҳ рухсат пурсида, вориди кабинет шуд…

  • Гестапо – шўъбаи 4– уми РСХ, сардораш Г. Мюлер.
    ** Шелленберг– Валтер Шелленберг, сардори шўъбаи 6–уми РСХ.
пешина
аз 408
навбатӣ