Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Курсиҳои судӣ баъди мурофиаи Нюренберг* ҳам аз наёфтани хойинон то ҳол ашк мерезанд…»
Дар асл Амириён барои чунин фикр акнун дар даст далелҳои кофӣ дошт. Аз ҷумла, дар нома омада буд:

«26 апрели соли 1942 аскари қатории полки тирандозии дивизияи 113, армияи 33– ум Сангов Теша ҳангоми убури дарёи Угра беному нишон гум шуд. Мувофиқи нишондоди шоҳидони аз асорат гурехта, дар аввалҳои моҳи майи соли 1942 Сангов Т.
командири взвод лейтенант Бистров С. И. – ро, ки дар ҳолати ярадорӣ асир афтода буд, ошкоро ба душман нишон дод. Азбаски ў маҷрўҳ набуд, маълум мешавад, ки ихтиёран ба тарафи душман гузаштааст. Моҳи августи соли 1942 Сангов Т. Ба воситаи баландгўяк борҳо аскарбачаҳои мусулмонро барои ба тарафи немисҳо гузаштан даъват кардааст... Аз охирҳои соли 1944 дигар дар бораи ў хабаре нест...
Сардори бойгонӣ генерал – майёр Иванов.
Полковник Махсуми Амириён ба генерал Ҷовид Ҷобиров занг зада, барои ёрӣ изҳори миннатдорӣ кард.
– Якум, гуфт генерал, – дархости муфассалатонро бо нишон додани зарурат аз рўзи занг заданатон ба муҳру рақам ба номи ман навишта фиристед, то ки мо онро дар ҳуҷҷатҳо қайд намоем.
– Медонам, ташаккур ба Шумо рафиқ генерал, дархостро бегоҳ мефиристам.
– Истед, саросема нашавед, – гуфт генерал ва суханашро давом дод.
– Дуюм, гўед, ки яке аз сабабҳои асосии шикастхўрии Гитлер дар чист?
Ҷавоби ин суолро Амириён борҳо аз худи генерал Ҷобиров шунида буд, зеро вақте ки гап дар сари кори якҷояи милиса ва КБД мерафт, Ҷобиров ҳатман ҳамин суолро дода, боз худаш ҷавобашро мегуфт.
«Албатта, домулло, боз ягон амалиёти якҷояро дар назар дорад», – аз дил гузаронд полковник.
– Чаро хомўш шудед?
*Нюренберг – шаҳрчае, ки мурофиаи суди саркардагони фашистӣ гузашт.

пешина
аз 408
навбатӣ