АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ашўр яку якбора ба худ омада, дар ҷояш истод.
Автомашина бо ҳамон суръат аз паҳлуяш гузашта рафт...
– Хайрият умр боқӣ будааст аз дил гузаронд ў. – Агар ҳодисае рух медод Светлана беҳад шод мешуд...
... 43 …
Абрҳои сиёҳ осмонро пўшонида буданд. Садои гулдуроси барқ аз дур ба гўш мерасид. Мардум баъди рўзи корӣ дар тараддуди хонаравӣ буданд. Ў дар пеши меҳмонхона лаҳзае истод.
– Агар борон борад, айни муддаост, – гуфт марди миёнсоле ба ҷавони дар паҳлўяш дар курсӣ нишаста.
– Эй, биё мон амак, ҳамагӣ ду рўз пеш борида буд– ку. Ин боронаш ҳам ба ҷонамон зад…
– Борон раҳмати парвардигор аст, бародар. Оё нашунидаӣ, ки гуфтаанд: «даҳ рўз бориш, як рўз тобиш».
– Агар баръакс мешуд, хубтар буд амак, – паст намеомад ҷавон…
– Сареву савдое, – аз дил гузаронд ў ва пиёда роҳи вокзали роҳи оҳанро пеш гирифт.
– Рафиқ лейтенанти калон, чӣ кор кунем? – пурсид сержанти милиса Норов.
– Чун пештара назоратро давом деҳ, вале кўшиш намо, ки ў пай набарад, – гуфт Расулов.
– Ман дар либоси ғайринизомиам, ў чӣ хел пай мебарад, – дар навбати худ гуфт Норов. Расулов ҳеҷ нафаҳмид, ки Норов суол дод ва ё худро сафед кард.
– Эҳтиёт зарар надорад, – хотиррасон кард Расулов Норов ҳамроҳи Маҳмадов аз қафои Умаров рафтанд. Аз рафти назорат онҳо ба воситаи рацияи хурдакаке ба лейтенанти калон хабар медоданд. Расулов, ки аз онҳо дар масофаи шаст– ҳафтод метр дуртар меистод, аз рўйи вазъи ба амаломада ба Норов ва Маҳмадов дастур медод.
Умаров дар назди бинои вокзал хеле истоду яку якбора вориди бино шуд. Норов Маҳмадовро дар назди дар гузошта, худ аз қафои шахсе, ки назораташро ба дўш гирифта буд, вориди бино шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо